ДИЛ

dilДИЛ (Cor), узви марказии силсилаи гардиши хун, ки ҳаракати хунро дар рагҳо таъмин менамояд. Узви мушакии махрутшакл буда, дар ковокии сина паси устухони сари дил воқеъ гардидааст. Қисми зиёди Д. (тахминан аз се ду ҳиссааш) дар нимаи чапи қафаси сина ва қисми ками он (тақр. сеякаш) дар нимаи рост ҷойгир аст. Чунин меҳисобанд, ки ҳаҷми Д.-и ҳар одам ба ҳисоби миёна ба ҳаҷми мушти ӯ баробар аст. Д.-и марди калонсол ба ҳисоби миёна 332 г, дили зан 253 г вазн дорад. Дил дар ҳолати оромии мутлақ дар як дақ. тақр. 5,5 л хунро бо фишор мегузаронад. Ҳангоми кори зиёди ҷисмонӣ он метавонад дар 1 дақ. то 30 л хунро гузаронад. Қисмати васеи Д. ба боло ва ақиб ва қисмати борикаш (нӯгаш) ба поён, ба пеш ва чап моил аст. Д. се сатҳ дорад: сатҳи пеш – тарафи қабурғаҳои сина, сатҳи поён – тарафи диафрагма, сатҳи ақиб – тарафи шуш, ки ба ҷониби шуш, сурхрӯда ва қисми рӯ ба поёни шоҳраг нигаронида шудааст.
Девораи Д. се қабат дорад. Қабати дохилӣ – эндокард ковоки Д.-ро аз дарун пӯшидааст. Канораҳои он даричаҳои Д.-ро ташкил мекунанд. Вай аз қабати зичи ҳуҷайраҳои тунуку суфтаи эндотелӣ иборат аст. Қабати мобайнӣ – миокард аз бофтаи махсуси рахдори мушакӣ ташаккул ёфтааст. Мушаки Д. рахҳои кӯндаланг дошта бошад ҳам, беихтиёр кашиш мехӯрад. Миокард ду қисм дорад: мушакҳои камқуввати даҳлезҳои Д. ва мушакҳои пурқуввати меъдачаҳо (хусусан меъдачаи чап, ки хунро ба даври калони гардиш тела медиҳад). Қабати берунӣ – эпикард сатҳи берунии Д., қисмати ба он наздики шоҳраг, раги шуш ва венаҳои ковоки болову поёнро мепӯшад. Вай аз ҳуҷайраҳои эпителӣ таркиб ёфта, қабати дарунии халтачаи назди Д. – перикардро ташкил мекунад. Халтачаи назди Д. қабати берунӣ ҳам дорад. Байни қабатҳои дарунӣ ва берунии перикард ковокии роғмонанде ҳаст. Он 15 – 20 мл моеъ дорад, ки ба кам гаштани соиши байни қабатҳо ҳангоми кашиш хӯрдани Д. мусоидат мекунад.
Д.-и одамро деворае ба нимаи чапу рост (бо ҳам алоқаманд нест) тақсим мекунад. Дар қисми болоии ҳарду нима даҳлез (пешдил)-ҳои чапу рост, дар қисми поён меъдачаҳои чапу рост воқеанд. Дар нимаи рост хуни вена, дар нимаи чап хуни артерия ҷорист. Ҳамин тариқ, Д.-и одам чорхона мебошад: ду даҳлез ва ду меъдача. Ҳар даҳлез бо меъдачаи зераш тавассути сӯрох пайваст мешавад. Барҷастагии махсуси даҳлезҳои Д. гӯшакҳои чап ва рости онро ташкил мекунад. Дар сатҳи дохилии меъдачаҳо мушакҳои пистоншакл ҳастанд, ки ғурриҳои миокард мебошанд. Ба даҳлези рост ду венаи ковоки аз ҳама калони болову поин, ки хуни венавиро аз тамоми бадан ҷамъ меоранд, кушода мешаванд. Ба даҳлези чап аз шуш бо чор венаи шуш хуни тоза (артериявӣ) меояд. Аз меъдачаи рост венаи шуш мебарояд, ки тавассути он хун ба шуш меравад; аз меъдачаи чап шоҳраг ибтидо мегирад, ки хуни артериявиро ба тамоми узвҳо ва қисмҳои бадан мебарад.
Сӯрохиҳои байни даҳлезу меъдачаҳоро даричаҳои табақадор мепӯшанд. Даричаи байни даҳлезу меъдачаи чап дутабақа ва даричаи байни даҳлезу меъдачаи рост сетабақа мебошад. Канори табақаи даричаҳо бо нахҳои пай ба мушакҳои пистоншакл пайвастаанд. Ин ба чаппа гаштани онҳо ба тарафи даҳлез ва ҷараёни баръакси хун аз меъдача ба даҳлез монеъ мешавад. Дар назди сӯрохи венаи шуш ва шоҳраг даричаҳои ҳилолшакл ҳастанд. Ҳар яки онҳо шакли се кисаро дорад, ки ба самти ҷараёни хун ба ин рагҳо боз мешавад. Ҳангоми дар меъдачаҳо кам шудани фишори хун онҳо аз хун пур мешаванд, канораҳо пӯшида шуда, ба бозгашти хун аз шоҳраг ва венаи шуш ба дил роҳ намедиҳанд. Дар натиҷаи баъзе бемориҳо (мас., тарбод, атеросклероз ва ғ.) даричаҳои осебдида зич пӯшида намешаванд, кори Д. халал ёфта, нуқси он рӯй медиҳад.
Д. системаҳои интиқол, раг ва асабро дар бар мегирад. Системаи интиқол кашишхӯрии мураттаби меъдачаҳо ва даҳлезҳоро таъмин месозад. Вай аз нахҳои махсуси мушак иборат аст, ки дар меъдача ва даҳлезҳо гиреҳ ва қабзаҳоро ба вуҷуд меоранд. Ин система ангезишро аз гиреҳи синоаурикулярӣ (синусӣ) ба тамоми ҳуҷайраҳои мушакии дил интиқол медиҳад. Гиреҳи синоаурикулярӣ аз бофтае, ки дар девораи даҳлези рост дар паҳлӯи даҳанаи венаи ковоки боло воқеъ аст, таркиб ёфтааст. Ангезиши дар ин ҷо пайдошуда бо се қабзаи ноқили бофта ба даҳлезҳо ва гиреҳи дигар, ки дар байни даҳлезу меъдачаи рост воқеъ аст, яъне ба гиреҳи атриовентрикулярӣ (атриум – даҳлез, вентрикулус – меъдача) паҳн мегардад. Аз ин гиреҳ қабзаи Гис сар мешавад. Вай аз девораи байни меъдачаҳо гузашта, ба ду поя – пояи рост, ки ангезишро ба меъдачаи рост мебарад ва пояи чап, ки бо шохаҳои пешу ақиби он ангезиш бевосита ба ҳуҷайраҳои кашишдиҳанда мегузарад, мепайвандад. Системаи рагҳои Д. аз ду артерияи икликӣ ва венаи ҳамшафат иборат аст. Аз сабаби пуршиддат будани мубодила дар Д. шабакаи мӯйрагҳо хеле калон аст – ба ҳар нахи мушак як мӯйраг рост меояд. Асаб фаъолияти Д.-ро танзим месозад. Ба он шохаҳои асаби гумроҳ, инчунин шохаҳои асаби симпатикӣ аз гиреҳҳои симпатикии наздиктарин васл мешаванд.
Хусусияти асосии мушаки Д. (миокард) мутаассиршавӣ, автоматизм, ноқилият ва кашишхӯрӣ мебошад. Ҳамаи ҳуҷайраҳои миокард қобилияти ангезишпазирӣ доранд. Хусусияти автоматизм аз он иборат аст, ки баъзе ҳуҷайраҳои миокард метавонанд худ кашиш хӯранд. Ҳуҷайраҳои гиреҳи синоаурикулярӣ, ки назми кашишхӯриҳои Д.-ро муайян мекунанд, дар 1 дақ. аз ҳама бештар ангехта мешаванд. Ин амал дар шароити мӯътадил дар 1 дақ. 60 – 80 маротиба такрор мегардад. Ангезиш дар миокард тавассути таъсири мутақобилаи электрохимиявии байни ҳуҷайраҳо интиқол меёбад. Дар ин ҳол қувваи электроҳаракат пайдо мешавад. Шиддати ин қувва ба андозаест, ки онро дар тамоми бадан қайд кардан мумкин аст. Сабти графикии қувваи электроҳаракати Д.-ро, ки дар фосилаи вақт тағйир меёбад, электрокардиограмма (ЭКГ) меноманд. Онро бо ёрии дастгоҳи махсус (электрокардиограф) қайд мекунанд. Кори Д. даврӣ мебошад. Лаҳзаи пайдоиши ангезиш дар гиреҳи синоаурикулярӣ ибтидои даври он маҳсуб мешавад. Дар ин ҳол даҳлез ва меъдачаҳои сустгашта пур аз хунанд. Таҳти таъсири ангезиш даҳлезҳо кашиш мехӯранд ва ба меъдачаҳо миқдори иловагии хун меояд. Баъди он меъдачаҳо барангехта мешаванд. Бо рафти паҳншавии ангезиш мавҷи ибтидои кашишхӯрӣ ҳаракат мекунад (давраи кашишхӯрии номусовӣ). Ҳамин ки баробари афзоиши қувваи кашиш фишори меъдачаҳо аз фишори даҳлезҳо зиёд шуд, ҳамон замон даричаҳои табақадор пӯшида мешаванд. Аз ҳамин лаҳза даври ба ном кашишхӯрии изометрӣ оғоз меёбад. Дар ин ҳол ҳаҷми меъдача бетағйир монда, фишор торафт меафзояд. Ин давр вақте қатъ меёбад, ки фишори меъдачаҳо аз фишори рагҳои дил зиёд ва даричаҳои ҳилолшакл боз мешаванд. Пас аз он даври дигар – рондани хун аз Д. ба рагҳо фаро мерасад. Даврҳои кашишхӯрии изометрӣ ва номусовӣ, инчунин даври рониш систола (инқибоз)-и Д.-ро ташкил мекунанд. Баъди даври рониш Д. суст мегардад, аз таъсири фишори рагҳо даричаҳо пӯшида мешаванд, сустии Д. ҳангоми пӯшида будани ҳамаи даричаҳо низ идома меёбад. Ин даври сустшавии изометрист. Ҳамин ки фишори меъдачаҳо аз фишори хуни то ин дам дар даҳлезҳо ҷамъомада андак зиёд шуд, даричаҳои табақадор боз мешаванд ва меъдачаҳо пур шудан мегиранд. Баъд даври дигар оғоз меёбад. Даври сустшавии изометрӣ, даври пуршавии меъдачаҳо ва систолаи даҳлезҳо диастолаи Д.-ро ташкил мекунанд.
Д. хунро ба рагҳо ҳисса-ҳисса (импулсӣ) равон месозад ва меъёри фишори баландтарин – тақр. 120 мм сутуни симобро ба вуҷуд меорад; фишор дар рагҳои калон низ ҳамин хел аст (ниг. Фишори хун). Аммо дар лаҳзае, ки хун аз Д. ба рагҳо намеравад, фишор дар рагҳо, одатан, аз 70 – 80 мм сутуни симоб паст намефарояд. Қариб 5000 мл хуне, ки дар организми одами калонсол ҳаст, тақр. дар 1 дақ. пурра гардиш мекунад. Агар талаботи ягон узв ба хун афзояд, ин талабот пеш аз ҳама бо васеъ гаштани сӯрохи артериолаҳо, боз шудани миқдори зиёди мӯйрагҳо ва фақат баъд аз ҳамаи ин бо вусъати маҳсулнокии Д. таъмин мегардад. Маҳсулнокии Д. аз ҳисоби афзоиши миқдори хуне, ки дар як кашиш (ҳаҷми зарба) бароварда мешавад, инчунин аз ҳисоби тез гаштани кашишхӯрӣ меафзояд. Миқдори хуне, ки Д. дар 1 дақ. фишор медиҳад, дар шароити оромии мӯтадил ба қад ва вазни шахс вобаста аст. Барои баҳои якхела додан ба кори Д. иднекси дил, яъне миқдори хунеро, ки дар 1 дақ. ба ҳисоби 1 м2 сатҳи бадан равона карда мешавад, ҳисоб мекунанд (он аз 1,9 то 3,3 тағйир меёбад).
Дар мавриди тадқиқи Д. ба аломатҳои зерин эътибор додан лозим аст: дамкӯтаҳӣ, хунпартоӣ, дамкӯтаҳӣ бо буғӣ шудан, хуруҷи нафастангӣ дар шаб, дард кардани сандуқи сина, дилзанӣ, бегоҳӣ варам кардани пойҳо (ё ҳамеша варам доштани онҳо), ҳисси гаронӣ ва дард дар зери қабурғаи рост (мумкин аломати бар асари нуқси дил калон шудани ҷигар бошад). Дар баробари ин муқаррар кардан лозим аст, ки мариз тарбод, ангина, тонзиллити музмин ва гипертонияро аз сар гузаронидааст ё не, тамоку мекашад, гирифтори диабети қандӣ нест.
Барои ташхиси иллатҳои Д. аз усулҳои ламскунӣ (палпатсия), ангуштзанӣ (перкуссия), аускултатсия, тадқиқи рентгенологӣ, ангиография, катетеризатсия, электрокардиография, мушоҳидаи мониторӣ, эхокардиография, фонокардиография ва ғ. истифода мебаранд. Баҳри ташхиси бемориҳои Д. баъзе нишондодҳои биохимиявӣ низ муҳим мебошанд.
Ба ҷумлаи бемориҳои нисбатан маъмули Д. дохил мешаванд: ишемия (камхуни)-и дил, сактаи дил, миокардит, перикардит, эндокардит, нуқси дил, кардиосклероз, аневризмаи дил, миокардодистрофия, кардиомиопатия, шушдилӣ (бинобар осеби аъзои нафас рух менамояд), аритмияи дил ва ғ. Бемориҳои ангали (паразити)-и Д. кам дучор меоянд.
Ад.: Руководство по кардиологии (зери таҳрири Е. И. Чазов), т. 1 – 4, М., 1982; Тарасов А. Н., Гордиенко Е. В., Неотложная доврачебная помощь при сердечно-сосудистых заболеваниях, Л., 1987; Минкин Р. Б., Павлов Ю. Д., Электрокардиография и фонокардиография, Л., 1988; Абдураҳмонов Ф. А., Анатомияи одам, ҷ. 1 – 2, Д., 1995, 1998; Ҳамон муаллиф, Атлас – учебник по функциональной анатомии человека, ҷ. 1 – 2, Д., 2006, 2008.
КЛ
Расми 1. Дил ва рагҳои хунгарди он (намуд аз қафо); 1 – даҳлез (пешдил)-и чап; 2 – венаи тиҳи (хали)-и поён; 3 – даҳлез (пешдил)-и рост; 4 – ҷавфи иклилӣ; 5 – артерияи иклилии рост; 6 – венаи хурди дил; 7 – венаи мобайнии дил; 8 – шохаи қафои байнимеъдачавии артерияи иклилии рост; 9 – сатҳи диафрагмавӣ (поёнӣ); 10 – кофтаи нӯги дил; 11 – нӯги дил; 12 – венаҳои қафои меъдачаи чап; 13 – ҷӯяки иклилӣ; 14 – венаи калони дил; 15 – гӯшаки чап; 16 – венаи каҷи даҳлези чап; 17 – венаҳои шуш; 18 – бандаки артерия; 19 – аорта; 20 – венаҳои рости шуш.

Расми 2. Буриши дарозрӯяи дил: 1 – гӯшаки чап; 2 – дарича (клапан)-и аорта; 3 – сӯрохи аорта; 4 – дарғоти пеши даричаи даҳлезу меъдачавии чап; 5 – дарғоти ақиби даричаи даҳлезу меъдачавии чап; 6 – мушакҳои пистоншакл; 7 – девораи байни меъдачаҳо (қисми мушакӣ); 8 – дарғоти даричаи даҳлезу меъдачавии рост; 9 – дарғоти қафои даричаи даҳлезу меъдачавии рост; 10 – тавораи байни меъдачаҳо (қисми пардагӣ); 11 – гӯшаки рост; 12 – қисми болорави аорта; 13 – венаи тиҳии боло; 14 – артерияи шуш; 15 – венаҳои чапи шуш.

Расми 3. Мушаки пешдил ва меъдачаҳо (намуд аз пеш): 1 – миокард (мушак)-и пешдил (даҳлезҳо); 2 – гӯшаки чап; 3 – миокарди меъдача; 4 – меъдачаи чап; 5 – ҷӯяки байнимеъдачавии пеш; 6 – меъдачаи рост; 7 – артерияи шуш; 8 – ҷӯяки иклилӣ; 9 – даҳлези рост; 10 – венаи тиҳии боло; 11 – даҳлези чап; 12 – венаҳои чапи шуш.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …