Главная / Илм / ДИВЕРТИКУЛ

ДИВЕРТИКУЛ

divertikulДИВЕРТИКУЛ (лот. diverticulum – инхилоф, майл ба сӯе), модарзодӣ ё ғайримодарзодӣ ҷаста баромадани девораи узвҳои ковок (сурхрӯда, шошадон, рӯда ва ғ.). Д.-и модарзодӣ ба нуқси узв вобаста аст. Д.-и ғайримодарзодӣ ҳангоми тазъиқи сатҳи узв ба девора, ки дар натиҷаи осебҳо(мас., илтиҳоб ва ғ.) суст шудааст, ба вуҷуд меояд. Мӯҳтавои дар даруни узв ба сатҳи Д. воридгашта муддате дар он ҷо боқӣ мемонад, баъд Д. холӣ мешавад. Д. тадриҷан калон ва бо душворӣ холӣ мегардад. Дар натиҷа мӯҳтаво ба луобпардаи Д. таъсир карда, боиси пайдоиши илтиҳоб, яъне дивертикулит (назлавӣ, захмӣ, фелегмонозӣ) мешавад. Д.-и сурхрӯда аз суст гаштани гузариши хӯрок, қай ва Д.-и шошадон бинобар суст гаштани пешобронӣ зоҳир мегардад. Д.-ро бо усули рентгенологӣ ва эндоскопӣ тадқиқ мекунанд. Муолиҷаи Д. ба вазъи беморӣ вобаста буда, баъзан ҷарроҳӣ мехоҳад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …