Главная / Илм / ДИЛБЕҲУЗУРӣ

ДИЛБЕҲУЗУРӣ

nauseaДИЛБЕҲУЗУРӣ (Nausea, naupathia), дилбеҷошавӣ, эҳсоси хосаи ногуворест, ки дар сари сина ва ҳалқум пайдо шуда, бештар бо қай анҷом меёбад. Асосан ҳангоми заҳролудӣ аз хӯрок ва машрубот, амрози узвҳои дохили шикам, таъсири гази ғубор ва заҳрҳои дигар дар давраи аввали ҳомилагӣ (ниг. Токсикозҳои занҳои ҳомила), осеби асабияи марказӣ, бемориҳои сироятии шадид ва ғ. ба вуҷуд меояд. Д. баробари аломатҳои диг. боз нишонаи нахустини бемори (мас., аппендитсит, холетсистит) – ҳое шуда метавонад, ки ёрии тиббии фавриро тақозо мекунанд; ҳангоми авҷи уремия ё диабети қандӣ Д. аз бад гаштани рафти амрози музмин ва ихтилоли сахти мубодилаи моддаҳо шаҳодат медиҳад.
Д. аксар аз ҳаяҷони сахт, эҳсоси манфӣ, хусусан хӯроки дилнокаш низ пайдо мешавад. Дар чунин мавридҳо барои сабук кардани аҳволи саломатӣ пахтаро ба маҳлули спирти навшодир тар карда бӯй мекунанд, қурси валидолро зери забон мегузоранд ё 10 – 15 қатра таъфин (қиёми спиртӣ)-и пудинаи боғиро ба як қошуқ об омезонда мехӯранд, ба ҳавои тоза мебароянд. Ҳангоми муттасилии Д. барои сабаби онро муайян ва муолиҷаи дуруст таъин намудан, ба духтур муроҷиат бояд кард.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …