Главная / Илм / ДИЗАРТРИЯ

ДИЗАРТРИЯ

dizartriyaДИЗАРТРИЯ (Dysarthria), ихтилоли артикулятсия; дар натиҷаи нимфалаҷ, ташаннуҷ (спазм), гиперкинез ё атаксияи мушакҳои нутқ душворӣ кашидан дар талаффузи овозҳо. Д. ҳангоми бемории рагҳо, амрози мағзи сар бо осеби системаҳои аҳромӣ ва хориҷиаҳромӣ, инчунин асаби ҷумҷумаю майна ва ҳастаи онҳо, ки ба мушакҳои нутқ хидмат мерасонанд, инкишоф меёбад. Дар мавриди Д. нутқ душворфаҳм буда, бемор гӯё бо бинӣ ҳарф мезанад. Дар ҳолатҳои вазнин нутқ тамоман нофаҳмо мешавад (анартрия).
Муолиҷаи Д. ба рафъи бемории асосӣ нигаронида шудааст; машғулиятҳои логопедӣ низ муҳиманд.

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …