Главная / 2018 / January / 14 (страница 2)

Архивы за день : 14.01.2018

ДОРУҲОИ БАЛҒАМОВАР

tripsin

ДОРУҲОИ БАЛҒАМОВАР, моддаҳое, ки ҳангоми сурфа ҷудо гаштани балғамро осон мекунанд. Ба сифати Д. б. доруҳое истифода мешаванд, ки кори ғадудҳои луобпардаи бронхҳои шушро метезонанд. Д. б. шилмакии балғамро кам мекунанд. Дар натиҷа зимни сурфа он зуд ҷудо мешавад. Таъсири Д. б. бевосита ва бавосита аст. Гурӯҳи аввал бевосита ба …

Муфассал »

ДОРУҲОИ БАЧАДОН

oksitosin

ДОРУҲОИ БАЧАДОН, моддаҳое, ки ба фаъолияти миометрия таъсири интихобӣ мерасонанд. Д. б. ду навъ мешаванд: доруҳое, ки асосан ба кашишхӯрии миометрия таъсир меоранд ва доруҳое, ки тонуси миометрияро баланд мебардоранд. Ба доруҳои ангезандаи фаъолияти кашишхӯрии миометрия гормони ҳиссаи қафои гипофиз (окситотсин), питуитрин, гифототсин, простагландинҳо (динопрост, динопростон), баъзе маводи синтезӣ (изоверин, …

Муфассал »

ДОРУҲОИ БЕҲИСКУНАНДА

dikain

ДОРУҲОИ БЕҲИСКУНАНДА, доруҳои анестезиявӣ, моддаҳое, ки барангезиши узвҳои мақтаъи асабҳои ҳассосро бартараф намуда, ба интиқоли ҷонбаҳо монеъ мешаванд. Анестезин, новокаин, бенакаин, дикаин, тримекаин, ксикани, совками ва ғ. Д. б. мебошанд. Мувофиқи тарзи истифодаи Д. б. намудҳои зерини беҳискунӣ маълуманд: 1) беҳискунии рӯякӣ (терминалӣ) – ҳангоми ҷарроҳии чашм, бинӣ, ҳалқ, гулӯ …

Муфассал »

ДОРУҲОИ ВАСЕЪКУНАНДАИ РАГ

dibazol

ДОРУҲОИ ВАСЕЪКУНАНДАИ РАГ, моддаҳое, ки ташаннуҷи ногаҳонии рагҳои хунро пешгирӣ ё бартараф месозанд. Истеъмоли Д. мумкин аст фишори шараёнро паст кунанд. Ин доруҳо барои табобати бемории гипертония ва диг. амрозе, ки пайваста бо ташаннуҷи рагҳо ҷараён мегиранд, таъин карда мешаванд. Баъзе Д. ба рагҳои узвҳо, мас., дил таъсири хос мерасонанд. …

Муфассал »

ДОРУҲОИ ВИТАМИНӣ

kokarboksilaza

ДОРУҲОИ ВИТАМИНӣ, давоҳое, ки моддаи таъсирбахши онҳо аз витаминҳо иборат мебошад. Д. в.-ро асосан бо роҳи сунъӣ ҳосил мекунанд, ҳамчунин аз ашёи наботӣ ё ҳайвонӣ ба даст меоранд. Дар амалияи тиб Д. в.-и гуногун, ки аз як ё чанд витамин (доруҳои поливитаминӣ) иборатанд, истифода мешаванд. Дар баробари ин, шаклҳои коферментии …

Муфассал »

ДОРУҲОИ ДАРДБАР

obezbolivaushhie_preparaty

ДОРУҲОИ ДАРДБАР, доруҳои рафъи дард, моддаҳое, ки бо мақсади фурӯ нишондани дору истифода мешаванд. Дар байни онҳо ба истилоҳ доруҳои камкунандаи дард (аналгетикҳо) мавқеи муҳим доранд. Аналгетикҳо наркозӣ ва ғайринаркозӣ мешаванд. Ба аналгетикҳои наркозӣ морфин, омнопон, промедол, фентанил ва ғ. мансубанд. Онҳо ҳисси дард, аз ҷумла дарди шадидеро, ки ҳангоми …

Муфассал »

ДОРУҲОИ ЗИДДИ БЕМОРИҲОИ ЗАНБӯРУҒӣ

nistatin

ДОРУҲОИ ЗИДДИ БЕМОРИҲОИ ЗАНБӯРУҒӣ, моддаҳое, ки дар табобати бемориҳои занбӯруғӣ истифода мешаванд. Онҳо ба 3 гурӯҳ тақсим мешаванд: 1) доруҳое, ки дар табобати занбӯруғи луобпардаҳо (кандидомикозҳо) ба кор мераванд (нистатин, леворин, лекамин ва ғ.); 2) доруҳое, ки дар муолиҷаи занбӯруғи пӯст, нохун, мӯй (дерматомикозҳо – эпидермофития, трихофития, микроспория) истифода мегарданд; …

Муфассал »

ДОРУҲОИ ЗИДДИ ГАЗАК

prednizolon

ДОРУҲОИ ЗИДДИ ГАЗАК, моддаҳое, ки ҷараёни илтиҳобро суст мекунанд. Д. гуногун мебошанд. Хусусан гормонҳои қишри ғадудҳои болои гурда ва ивазкунандаи сунъии онҳо – глюкокортикоидҳо (преднизолон, дексаметазон ва ғ.), ки таъсири зиддиаллергӣ низ доранд (ниг. Аллергия), ниҳоят фаъоланд. Ҳангоми табобат бо глюкокортикоидҳо аксар вақт таъсири номатлуби онҳо зоҳир мегардад: ихтилоли мубодилаи …

Муфассал »

ДОРУҲОИ ЗИДДИ УФУНАТ

pantotsid

ДОРУҲОИ ЗИДДИ УФУНАТ, моддаҳое, ки зидди микробу паразитҳо таъсир мерасонанд. Ба онҳо моддаҳои хлордор (хлорамин, пантотсид ва ғ.), йоддор (маҳлули спиртии йод, маҳлули Люгол, йодоформ ва ғ.), моддаҳое, ки оксиген ҷудо мекунанд (пероксиди гидроген, перманганати калий), баъзе кислотаҳои органикӣ (борат, салитсилат ва ғ.) ва асосҳо (содаи хӯрданӣ, спирти навшодир), пайвастҳои …

Муфассал »

ДОРУҲОИ ЗИДДИ ҲАМЛ

protivozachatochniye-tabletki

ДОРУҲОИ ЗИДДИ ҲАМЛ, моддаҳое, ки барои пешгирӣ намудани ҳамл истифода мегарданд. Д. химиявӣ ва гормонӣ мешаванд. Доруҳои химиявӣ (никосептин, галосептин грамисидин ва ғ.)-ро пеш аз мубошарат ба дохили маҳбал мегузоранд. Онҳо ҳаёти нутфа (сперматозоид)-ро барҳам медиҳанд. Доруҳои гормонӣ (инфекудин, мерулен, эновид ва ғ.) ҳар рӯз 1 қурс дар давоми 21 …

Муфассал »