Главная / Илм / ДОРУҲОИ ВАСЕЪКУНАНДАИ РАГ

ДОРУҲОИ ВАСЕЪКУНАНДАИ РАГ

dibazolДОРУҲОИ ВАСЕЪКУНАНДАИ РАГ, моддаҳое, ки ташаннуҷи ногаҳонии рагҳои хунро пешгирӣ ё бартараф месозанд. Истеъмоли Д. мумкин аст фишори шараёнро паст кунанд. Ин доруҳо барои табобати бемории гипертония ва диг. амрозе, ки пайваста бо ташаннуҷи рагҳо ҷараён мегиранд, таъин карда мешаванд. Баъзе Д. ба рагҳои узвҳо, мас., дил таъсири хос мерасонанд. Аз ин рӯ онҳоро дар мавриди табобати зиқи дил, сактаи дил ва диг. бемориҳо кор мефармоянд.
Д. аз рӯи тарзи таъсир миотропӣ ва нейротропӣ мешаванд. Доруҳои миотропӣ (мас., дибазол, сулфати магний) бевосита ба мушакҳои девораи раг таъсир намуда, тонуси онҳоро паст мекунанд. Доруҳои нейротропӣ, мас., клофелин (гемитон), резерпин ва ғ. ба танзими асаби тонуси рагҳо дар асабияи марказӣ ва системаи асабҳои канорӣ таъсир расонда, рагҳоро васеъ месозанд.
Д. аз рӯи суръати фарорасӣ ва давомоти таъсир фарқ доранд. Чунончи, доруҳое, ки барои бемории гипертония истифода мешаванд (клофелин, резерпин ва ғ.), нисбатан зиёдтар (чанд соат) таъсир мерасонанд; дар айни ҳол суръати фарорасии таъсири онҳо, одатан, чандон зиёд нест. Доруҳое, ки барои рафъи ташаннуҷи рагҳои дил истифода мешаванд, бояд зуд ва дар муддати чанд сония таъсир расонанд, чунки оқибати хуруҷи зиқи дил хеле ҷиддӣ аст. Нитроглитсерин чунин хосият дорад.
Д.-ро фақат бо тавсияи духтур истеъмол бояд кард, зеро сабабҳои ташаннуҷи рагҳо гуногун мебошанд ва оқибати табобати беасос бо ин доруҳо хеле ҷиддист.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …