Главная / Илм / ДОРУҲОИ ДАРДБАР

ДОРУҲОИ ДАРДБАР

obezbolivaushhie_preparatyДОРУҲОИ ДАРДБАР, доруҳои рафъи дард, моддаҳое, ки бо мақсади фурӯ нишондани дору истифода мешаванд. Дар байни онҳо ба истилоҳ доруҳои камкунандаи дард (аналгетикҳо) мавқеи муҳим доранд.
Аналгетикҳо наркозӣ ва ғайринаркозӣ мешаванд. Ба аналгетикҳои наркозӣ морфин, омнопон, промедол, фентанил ва ғ. мансубанд. Онҳо ҳисси дард, аз ҷумла дарди шадидеро, ки ҳангоми зарбулат, сӯхтагӣ, сактаи дил ва ғ. пайдо мешавад, рафъ мекунанд. Дардро рафъ кардани аналгетикҳои наркозӣ дар он зоҳир мегардад, ки онҳо ба интиқоли импулсҳои дард дар қисмҳои гуногуни ҳароммағз ва майна монеъ мешаванд. Ин гурӯҳи доруҳо таассуроти нохуш (тарсу ваҳм, ҳаяҷон, рӯҳафтодагӣ)-и марбут бо дардро рафъ карда, ҳисси ҳаловати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ (ба истилоҳ эйфория)-ро ба вуҷуд меоранд. Дар сурати чандин бор тазриқ намудани миқдори муайяни аналгетикҳои наркозӣ организм ба он одат мекунад ва таъсири дардбарӣ суст мегардад. Дар натиҷаи истифодаи тӯлонии Д. д. шахс мумкин аст гирифтори нашъамандӣ шавад. Аз ин рӯ, аналгетикҳои наркозӣ зери назорати қатъӣ буда, истеъмоли онҳо маҳдуд аст. Бе таъиноти духтур истифода бурдани онҳо ҷиноят маҳсуб мешавад.
Ба аналгетикҳои ғайринаркозӣ доруҳои синтезии сохти химиявиашон гуногун (кислотаи атсетилсалитсилат, амидопирин, аналгин, бутадион, парасетамол ва ғ.) мансубанд. Таъсири ин аналгетикҳо нисбат ба аналгетикҳои наркозӣ суст буда, асосан зимни дарде, ки дар натиҷаи газаки узву бофтаҳои гуногун (дарди дандон, дарди газаки бандҳо, мушакҳои скелет, неврит ва ғ.) пайдо мешаванд, самарабахш аст. Чунин доруҳо табшикан ҳам мебошанд (ниг. Доруҳои табшикан); аксарияти онҳо хосияти зидди газак ҳам доранд (ниг. Доруҳои зидди газак). Ин доруҳоро бе таъиноти духтур истифода бурдан ҷоиз нест. Дар натиҷаи муддати зиёд истеъмол кардани аналгин, амидопирин ва бутадион мумкин аст ҷараёни хунофарӣ халал ёбад. Мунтазам ва бе назорати духтур истифода бурдани доруҳои кислотаи салитсилат (мас., кислотаи атсетилсалитсилат ва салитсилати натрий) луобпардаи меъдаро ангехта, боиси хунравии он (махсусан агар доруро майда накарда, истеъмол кунанд) мегардад, муҷиби садо додани гӯш, заъфи сомеа, вазнин ҷараён гирифтани баъзе бемориҳо (мас., зиқи нафас ва ғ.) мешавад.
Доруҳои гуногуне низ, ки ба гурӯҳи аналгетикҳо мансуб нестанд, метавонанд дардро рафъ кунанд. Чунончи, ҳисси дарде, ки бо ташаннуҷи мушакҳои суфтаи узвҳои дарунӣ алоқаманд аст, аз таъсири доруҳои ташаннуҷшикан – атропин, доруҳои шобезак (белладонна), папаверин, но-шпа ва ғ. кам мешавад. Барои рафъи дарде, ки дар натиҷаи ташаннуҷи рагҳо пайдо шуда, пайваста бо ихтилоли таъмини хуни узвҳои ҷудогона ҷараён мегирад, доруҳои васеъкунандаи раг бештар манфиат мебахшанд. Аз ҷумла дарди аз зиқи дил пайдошударо бо доруҳое, ки гардиши хунро дар дил беҳтар мегардонанд (нитроглитсерин) паст карда, дарди сарро, ки ба баланд шудани фишор вобаста аст, бо доруҳои фишоршикан рафъ мекунанд. Дар аснои дарди шикаме, ки аз сабаби ғун гаштани бод дар рӯда пайдо шудааст, доруҳои бодрон (мас., оби шибит; ба ихроҷи газ аз рӯда мусоидат мекунанд) ё карболен (доруе, ки бодро ба худ мекашад) манфиат меоранд. Ин доруҳо ба сабаби ҳисси дард таъсир мерасонанд. Барои истифодаи босамари Д. д. ва муайян кардани сабабу хусусияти дард ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.
Бе таъиноти духтур ва то аниқ муайян намудани сабаби ҳисси дард истеъмол кардани Д. д. мумкин аст оқибати бемориро вазнин гардонад. Чунки бартараф намудани дарде, ки нишонаи бисёр бемориҳо мебошад, барои сари вақт муайян кардани сабаби беморӣ душворӣ пеш меорад.

Рабство

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

pompeo

Помпео бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон гуфтушунид мекунад

Котиби давлатии ИМА – Майкл Помпео эълом дошт, ки музокирот рӯзи 23 октябр баргузор мешавад. …