Главная / Илм / ДОРУҲОИ БАЛҒАМОВАР

ДОРУҲОИ БАЛҒАМОВАР

tripsinДОРУҲОИ БАЛҒАМОВАР, моддаҳое, ки ҳангоми сурфа ҷудо гаштани балғамро осон мекунанд. Ба сифати Д. б. доруҳое истифода мешаванд, ки кори ғадудҳои луобпардаи бронхҳои шушро метезонанд. Д. б. шилмакии балғамро кам мекунанд. Дар натиҷа зимни сурфа он зуд ҷудо мешавад. Таъсири Д. б. бевосита ва бавосита аст.
Гурӯҳи аввал бевосита ба луобпардаи найчаҳо таъсир мерасонанд, мас., гидрокарбонати натрий (ба туфайли хосияти ишқорӣ шилмакии балғамро кам мекунад), терпингидрат, баъзе равғанҳои эфир (мас., анис ва ғ.), пайвастҳои йод (йодиди натрий, йодиди калий), ки ба ҷудошавии балғам мусоидат менамоянд ва ғ. Трипсин низ ба ин гурӯҳи Д. б. дохил мешавад; он сафедаи балғамро таҷзия ва часпакиро кам мекунад. Таъсири балғамовари доруҳои мазкур ҳангоми ингалятсия (бо буғҳои об нафас гирифтан) ва истеъмол зоҳир мегардад. Трипсинро фақат барои ингалятсия истифода мебаранд.
Истеъмоли Д. б.-и таъсирашон бавосита нӯги асабҳои меъдаро ангехта, фаъолияти ғадудҳои луобпардаи бронхҳоро ба таври рефлексӣ таҳрик медиҳад. Ба онҳо доруҳои наботӣ (мас., ҷӯшоби алафи афсонак, қиёми афсонаки хушкида ва ғ.), инчунин баъзе моддаҳое, ки аз наботот дар шакли тоза ҷудо кардаанд, мансуб мебошанд. Ин доруҳо фақат баъди истеъмол таъсир мерасонанд; вояи зиёди онҳо боиси дилбеҳузурӣ ва қай мегардад. Кӯдакон (махсусан кӯдакони ширмак ва синни томактабӣ) ба таъсири қайовари доруҳои мазкур ҳассосияти бештар доранд. Бинобар ин ба онҳо, мас., қатраҳои навшодиру анис, терпингидрат ва диг. доруҳоро таъин мекунанд.
Д. б. асосан ҳангоми амрози шуш (газаки шуш, бронхит ва ғ.), ки боиси балғами часпак мегарданд, истеъмол карда мешаванд. Агар сабаби сурфа ягон бемории дигар, мас., ихтилоли гардиши хун бошад, он гоҳ истеъмоли Д. б. беманфиат аст. Ба ин беморон истеъмоли доруҳое, ки ба сабаби сурфа таъсир мерасонанд, сабукӣ мебахшад. Д. б.-ро фақат бо таъиноти духтур истеъмол мекунанд. Худтабобат мумкин аст боди ногувор боқӣ гузорад. Чунончи, бисёр Д. б.-и таъсирашон бевосита ба хуруҷи бемориҳои музмини шуш (мас., сил) мусоидат хоҳанд кард. Дар сурати аз меъёри таъинкардаи духтур зиёд истеъмол намудани Д. б.-и таъсирашон бавосита дилбеҳузурӣ ва қай рӯй медиҳад. Д. б.- еро, ки барои одамони калонсол таъин карда шудаанд, ба ҳеҷ ваҷҳ барои табобати кӯдакон истифода намебаранд.

Рабство

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

pompeo

Помпео бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон гуфтушунид мекунад

Котиби давлатии ИМА – Майкл Помпео эълом дошт, ки музокирот рӯзи 23 октябр баргузор мешавад. …