ДОРУҲОИ БЕҲИСКУНАНДА, доруҳои анестезиявӣ, моддаҳое, ки барангезиши узвҳои мақтаъи асабҳои ҳассосро бартараф намуда, ба интиқоли ҷонбаҳо монеъ мешаванд. Анестезин, новокаин, бенакаин, дикаин, тримекаин, ксикани, совками ва ғ. Д. б. мебошанд. Мувофиқи тарзи истифодаи Д. б. намудҳои зерини беҳискунӣ маълуманд: 1) беҳискунии рӯякӣ (терминалӣ) – ҳангоми ҷарроҳии чашм, бинӣ, ҳалқ, гулӯ ва ғ. ба луобпардаҳо маҳлули дору (дикаин, кокаин)-ҳо ва ғ. молида мешавад; 2) ҷаббидашаванда (инфилтратсиявӣ) – ба мавзее, ки ҷарроҳӣ мекунанд, ба воситаи сӯзан маҳлули Д. б. мегузаронанд; 3) гузаронанда (ҷузъӣ) – ба атрофи асаби ягон узв ё қисми алоҳидаи бадан маҳлули Д. б. (маҳлули 0,5 – 1% новокаин, тримекаин ва ғ.) мефиристанд; 4) беҳискунии ҳароммағз – ба дохили канали ҳароммағз маҳлули Д. б. (мас., совкаин)-ро гузаронида, тамоми узвҳои аз миён поёнро беҳис мегардонанд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …