Главная / Илм / ДОРУҲОИ ЗИДДИ УФУНАТ

ДОРУҲОИ ЗИДДИ УФУНАТ

pantotsidДОРУҲОИ ЗИДДИ УФУНАТ, моддаҳое, ки зидди микробу паразитҳо таъсир мерасонанд. Ба онҳо моддаҳои хлордор (хлорамин, пантотсид ва ғ.), йоддор (маҳлули спиртии йод, маҳлули Люгол, йодоформ ва ғ.), моддаҳое, ки оксиген ҷудо мекунанд (пероксиди гидроген, перманганати калий), баъзе кислотаҳои органикӣ (борат, салитсилат ва ғ.) ва асосҳо (содаи хӯрданӣ, спирти навшодир), пайвастҳои симоб (сулема, марҳамҳои симоб ва ғ.), пайвастҳои нуқра (нитрати нуқра, коларфол ва ғ.), суроб (атсетати сурб), алюминий (моеъи Буров), спирти этил, фенол, қатрон, баъзе рангубор (этакридин, кабудии метилен, маҳлули сабз ва ғ.), инчунин антибиотикҳо (грамисидин, марҳами гентамитсин ва ғ.) мансубанд. Д.-ро барои безарар гардондани захм, пӯсти сӯхта ва харошхӯрда, инчунин барои табобати бемориҳои римноки пӯст истифода мебаранд. Ғилзати баланди баъзе Д.-ро бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ (барои дезинфексия), инчунин дар амалияи ҷарроҳӣ (ниг. Антисептика, Асептика) кор мефармоянд.
Меъёри барои организми одам безарари баъзе Д. (мас., спирти этил, кислотаҳои атсетат, шир, сулфит, бензоати натрий) ҳангоми консервонии хӯрокворӣ кор фармуда мешавад. Дар ин маврид доруҳо нафақат ба ҳифзи хӯрокворӣ мусоидат мекунанд, балки баъзан (мас., кислотаи атсетат) ба онҳо таъму бӯи хуш низ медиҳанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …