Главная / Илм / ДОРУҲОИ ВИТАМИНӣ

ДОРУҲОИ ВИТАМИНӣ

kokarboksilazaДОРУҲОИ ВИТАМИНӣ, давоҳое, ки моддаи таъсирбахши онҳо аз витаминҳо иборат мебошад. Д. в.-ро асосан бо роҳи сунъӣ ҳосил мекунанд, ҳамчунин аз ашёи наботӣ ё ҳайвонӣ ба даст меоранд.
Дар амалияи тиб Д. в.-и гуногун, ки аз як ё чанд витамин (доруҳои поливитаминӣ) иборатанд, истифода мешаванд. Дар баробари ин, шаклҳои коферментии баъзе витаминҳо, мас., кокарбоксилаза, кислотаи липоеат ва ғ. фаровон кор фармуда мешаванд. Таъсири Д. в. ба фаъолияти физиологии витаминҳо ҳамчун омили беҳамтои рушду инкишофи организм асос ёфтааст. Аз ин лиҳоз Д. в. ҳамчун воситаи пешгирӣ ва табобати витаминкоҳӣ истифода мегарданд. Д. в. хосиятҳои фармакологии номахсус низ доранд. Мас., кислотаи никотинат рагҳоро васеъ карда, ба миқдори липопротеинҳои хун таъсир мерасонад; тиамин хосияти ганглиоблокаторӣ дорад ва ғ. Бинобар ин Д. в. бисёр вақт дар мавриди муолиҷаи комплексӣ таъин карда мешаванд. Онҳо самараи муолиҷавии доруҳои дигарро афзун гардонида, таъсироти номатлуби баъзеи давоҳо (мас., антибиотикҳо, сулфаниламидҳо, гликозидҳои дил, доруҳои пешоброн)-ро кам ё бартараф мекунанд. Д. в.-е, ки аз ҳосилаҳои баъзе витаминҳо иборатанд (фосфотиамин, бенфотиамин, оксикобаламин) нисбат ба витаминҳо таъсири фармакологии бештар зоҳир менамоянд. Давомоти муолиҷа ба Д. в. ба хусусияти беморӣ ва ҳассосияти организм нисбати онҳо вобаста аст. Дар сурати зиёд кардани воя ё муддати мадид истифода бурдани Д. в. мумкин аст гипервитаминозҳо ба вуҷуд оянд. Дар ин ҳангом истифодаи Д. в.-ро қатъ карда, доруҳое таъин менамоянд, ки онҳо таъсири чунин давоҳоро суст мегардонанд. Мас., дар сурати сӯиистифодаи эргокалтсиферол аз ретинол ва ҳангоми сӯиистифодаи ретинол аз кислотаи аскорбинат истифода мебаранд. Ҳамчунин ба якдигар омехта кардани чанд Д. в. ҷоиз нест. Мас., пиридоксинро бо сианокобаламин, кислотаи аскорбинатро бо сианокобаламин, тиаминро бо кислотаи никотинат, тиаминро бо сианокобаламин ва пиридоксин ҳамроҳ таъин намекунанд ё дар як шпритс намегиранд. Чунки дар омехтагӣ истифода бурдани онҳо мумкин аст боиси пайдоиши аллергия шавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …