Главная / Илм / ДОРУҲОИ ЗИДДИ ГАЗАК

ДОРУҲОИ ЗИДДИ ГАЗАК

prednizolonДОРУҲОИ ЗИДДИ ГАЗАК, моддаҳое, ки ҷараёни илтиҳобро суст мекунанд. Д. гуногун мебошанд. Хусусан гормонҳои қишри ғадудҳои болои гурда ва ивазкунандаи сунъии онҳо – глюкокортикоидҳо (преднизолон, дексаметазон ва ғ.), ки таъсири зиддиаллергӣ низ доранд (ниг. Аллергия), ниҳоят фаъоланд. Ҳангоми табобат бо глюкокортикоидҳо аксар вақт таъсири номатлуби онҳо зоҳир мегардад: ихтилоли мубодилаи моддаҳо, нигоҳ доштани обу натрий дар организм, афзудани ҳаҷми плазмаи хун, яра шудани луобпардаи меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, фурӯ нишастани иммунитет ва ғ. Дар мавриди истифодаи тӯлонии онҳо синтези гормонҳои табиӣ дар ғадудҳои болои гурда кам шуда, дар натиҷа зимни қатъ кардани истифодаи ин доруҳо мумкин аст фаъолияти қишри ғадудҳои болои гурда халал ёбад. Аз ин сабаб табобат бо глюкокортикоидҳо бояд зери назорати доимии духтур гузаронида шавад (бе таъиноти духтур истифода бурдани доруҳо хеле хавфнок аст). Глюкокортикоидҳо инчунин ба таркиби баъзе марҳаму суспензияҳо дохил мешаванд (онҳоро дар аснои газаки пӯст ва луобпардаҳо кор мефармоянд). Ин доруҳоро низ бе таъиноти духтур истифода бурдан ҷоиз нест, чунки дар ин сурат хуруҷи баъзе амрози пӯст ва диг. бемориҳо эҳтимол дорад.
Ба сифати Д. баъзе доруҳои дардбар, аз ҷумла аналгетикҳои ғайринаркозӣ (кислотаи атсетилсалитсилат, аналгин, амидопирин, бутадион) ва доруҳои хосиятҳояшон ба онҳо наздик (индометатсин, ибупрофен, волтарен ва ғ.) истифода мешаванд. Ин доруҳо нисбати глюкокортикоидҳо суст мебошанд, вале таъсири номатлуби онҳо низ камтар аст (бинобар ин барои табобати газаки банду мушакҳо ва узвҳои дарунӣ истифода мешаванд).
Доруҳои муқбиз низ таъсири мӯътадили зидди илтиҳоб доранд. Онҳоро асосан ҳангоми газаки ҷузъии пӯст ва луобпардаҳо истифода мебаранд. Ин доруҳо бо сафедаи бофта пардаҳои муҳофиз ҳосил карда, луобпарда ва ҷои иллатёфтаро аз ангезиш ҳифз мекунанд, ба инкишофи минбаъдаи газак монеъ мешаванд.
Гурӯҳи доруҳои номбурда бевосита ба манбаи газак таъсир намерасонанд. Бар хилофи онҳо антибиотикҳо, доруҳои сулфаниламидӣ ва ғ. хосияти махсуси зидди илтиҳобро доранд. Онҳо қодиранд фаъолияти микроорганизмҳои муайянро фурӯ нишонанд. Чунин доруҳоро фақат бо таъиноти духтур ҳангоми газаки дар натиҷаи бемориҳои сироятӣ пайдошуда кор мефармоянд.
Дар аснои газаки меъдаю рӯда, махсусан барои кӯдакон, доруҳои шилмак (мас., луоб) таъин мекунанд; онҳо таъсири зидди газак нарасонда, фақат луобпардаро фаро мегиранд ва аз ангезиш ҳифз менамоянд. Аз доруҳои шилмак инчунин ҳангоми таъин кардани доруҳое, ки ғайр аз таъсири асосӣ боз таъсири ангезанда доранд, истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …