Главная / 2018 / January / 13 (страница 2)

Архивы за день : 13.01.2018

ДОРУҲОИ ТАБШИКАН

amidopirin

ДОРУҲОИ ТАБШИКАН, моддаҳое, ки ҳангоми таблазра ҳарорати баданро паст мекунанд. Ҳарорати бадан зимни табларза (сарфи назар аз сабабҳое, ки онро ба вуҷуд овардааст) ва дар натиҷаи ихтилоли таносуби гармии организм (вақте ки ҳосил шудани гармӣ нисбат ба гармидиҳӣ зиёдтар аст) баланд мешавад. Бинобар ин ба сифати Д. т., одатан, давоҳое …

Муфассал »

ДОРУҲОИ ТАЛХАРОН

allohol

ДОРУҲОИ ТАЛХАРОН, моддаҳое, ки дар ҷигар ҳосил шудан ва ба рӯдаи дувоздаҳангушта баромадани талхаро метезонанд. Д. т. барои табобати бемориҳои гуногуни ҷигар, заҳрадон (холесистит), заҳраной (холангит) ва норасоии эндогении кислотаҳои таркиби заҳра ба кор мераванд. Д. т. ду хел мешаванд: 1) доруҳое, ки ҳосил шудани талхаро метезонанд; 2) доруҳое, ки …

Муфассал »

ДОРУҲОИ ТАСКИНБАХШ

fenazepam

ДОРУҲОИ ТАСКИНБАХШ, адвиёти мусаккин, моддаҳое, ки ба фаъолияти олии асаб таъсири оромбахш доранд. Якҷоя бо баъзе доруҳои диг. (невролептикҳо, транквилизаторҳо, антидепрессантҳо, психостимуляторҳо) гурӯҳи доруҳои рӯҳгироро ташкил медиҳанд (онҳо асосан ба фаъолияти рӯҳӣ ва вазъи инфиолии одам таъсир мерасонанд). Ба омӯзиши хосият ва дарёфти доруҳои нави рӯҳгиро (психотропӣ) психофармакология – қисми …

Муфассал »

ДОРУҲОИ ТАШАННУҶБАР

papaverin

ДОРУҲОИ ТАШАННУҶБАР, доруҳои рафъи ташаннуҷ, моддаҳое, ки кашишу ташаннуҷи мушакҳои узвҳои дарунӣ (рагҳои хун, узвҳои ҳозима ва ғ.)-ро бартараф менамоянд. Д. т. аз ҷиҳати таъсир ду хел мешаванд: 1) миотропӣ (папаверин, салсолин, дибазол, теобромин, эуфиллин, но-шпа ва ғ.), ки бевосита тонуси мушакҳои девораи узвҳои даруниро суст менамоянд; 2) нейротропӣ, ки …

Муфассал »

ДОРУҲОИ ФИШОРШИКАН

doruhoi-fishorshikan

ДОРУҲОИ ФИШОРШИКАН, моддаҳое, ки фишори шараёнро паст мекунанд. Д. ф. воқеан ҳам доруҳое мебошанд, ки онҳо рагҳоро васеъ, тонуси онҳоро суст ва фишори хунро паст менамоянд. Бо мақсади фаровардани фишор ҳамчунин доруҳоеро низ истифода мебаранд, ки шиддати кашиши дилро суст мегардонанд; дар натиҷа хун ба шоҳраг (аорта) кам равон мегардад …

Муфассал »

ДОРУҲОИ ХОБОВАР

snotvorniye

ДОРУҲОИ ХОБОВАР, моддаҳое, ки дар одам ҳолати ба хоби табиӣ наздик, хоби амиқ ва бардавомро ба вуҷуд меоранд. Меъёри ками Д. х. таскинбахш мебошанд. Онҳо ба қисмҳои гуногуни асабияи марказӣ таъсири боздоранда расонда, боиси хоб мегарданд. Ба Д. х. ҳосилаҳои бензодиазепин, мас., нитразепам (эуноктин), кислотаи барбитурат ё барбитуратҳо, мас., фенобарбитал, …

Муфассал »

ДОРУҲОИ ХУНБАНД

adrenalin

ДОРУҲОИ ХУНБАНД, моддаҳое, ки хунравиро бозмедоранд. Д. х. ду хеланд: 1) доруҳои таъсирашон ҷузъӣ – исфанҷи гемостазӣ (хамираи хушки масомадори тромбин, тромбокиназа), ки аз плазмаи хуни одам ё гов тайёр карда мешавад, доруҳои рагтангкунанда (адреналин, изадрин, мезатон ва ғ.), «қаламҳои хунбанд»-е, ки аз зоки алюминию калий, сулфати алюминий ва оксиди …

Муфассал »

ДОРУҲОИ ШОШАРОН

veroshpiron

ДОРУҲОИ ШОШАРОН, моддаҳое, ки ихроҷи шошаро афзун мегардонанд. Дар ин бобат доруҳои гуногуни синтезӣ хеле босамар мебошанд. Онҳо ҷараёни ҷаббиши баръакси ионҳои натрий ва обро дар ҷӯякчаҳои гурда суст ва миқдори пешоби дар гурда ҳосилшударо зиёд карда, ихроҷи зиёдатии ионҳои натрию оби бо онҳо пайвастро аз организм метезонанд. Дар баробари …

Муфассал »

ДОРУҲОИ ЭҲТИҶОБӣ

krahmal

ДОРУҲОИ ЭҲТИҶОБӣ, моддаҳое, ки бо об маҳлули ширешмонанд ҳосил менамоянд. Д. э. луобпарда ва пӯстро бо пардаи муҳофиз пӯшонида, торҳои асаби ҳисро аз таъсироти гуногун ҳифз мекунанд. Онҳо барои табобати омоси узвҳои ҳозима, заҳролудӣ аз ишқору баъзе моддаҳои сӯзонанда, зиёд кардани муддати таъсири давоҳои гуногун ва ғ. истифода мешаванд. Ба …

Муфассал »

ДОСТИЕВ Ашӯр Раҷабович

no-photo

ДОСТИЕВ Ашӯр Раҷабович (тав. 15. 06. 1951, деҳаи Дурбати ноҳ. Ҳисор), ҷарроҳ, доктори илмҳои тиб (1998), проф. (2004). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1974). Духтур-интерн (1974 – 75) ва ҷарроҳи дармонгоҳ (1975 – 76), ординатор ва мудири шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳ. Ҳисор (1976 – 79), …

Муфассал »