Главная / Илм / ДОРУҲОИ ТАЛХАРОН

ДОРУҲОИ ТАЛХАРОН

alloholДОРУҲОИ ТАЛХАРОН, моддаҳое, ки дар ҷигар ҳосил шудан ва ба рӯдаи дувоздаҳангушта баромадани талхаро метезонанд. Д. т. барои табобати бемориҳои гуногуни ҷигар, заҳрадон (холесистит), заҳраной (холангит) ва норасоии эндогении кислотаҳои таркиби заҳра ба кор мераванд. Д. т. ду хел мешаванд: 1) доруҳое, ки ҳосил шудани талхаро метезонанд; 2) доруҳое, ки ба рӯда баромадани онро таъминкунанда. Аксарияти Д. т. таъсири дутарафа доранд. Ба Д. т. моддаҳои аз заҳра (аллохол, холензим) ё аз кислотаҳои стероидии таркиби заҳра (хологон ё намаки он – дехолин) гирифташуда, пайвастҳои сунъӣ (оксифенамид, сикавалон, никдин) ва давоҳои наботӣ (берберан, қиёми барги зирк, фламин, чои талхарон, шарбати меваи хуч – холосас, холагол, кокули ҷуворимакка ва ғ.) дохил мешаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …