ДОРУҲОИ ТАШАННУҶБАР, доруҳои рафъи ташаннуҷ, моддаҳое, ки кашишу ташаннуҷи мушакҳои узвҳои дарунӣ (рагҳои хун, узвҳои ҳозима ва ғ.)-ро бартараф менамоянд. Д. т. аз ҷиҳати таъсир ду хел мешаванд: 1) миотропӣ (папаверин, салсолин, дибазол, теобромин, эуфиллин, но-шпа ва ғ.), ки бевосита тонуси мушакҳои девораи узвҳои даруниро суст менамоянд; 2) нейротропӣ, ки ташаннуҷи мушакҳои он узвҳоро ба воситаи амалиёти асаб паст менамоянд. Д. т.-ро дар табобати зиқи нафас хала, ташаннуҷи рагҳои хуни майна, дил ва ғ. ба кор мебаранд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …