Главная / Илм / ДОРУҲОИ ШОШАРОН

ДОРУҲОИ ШОШАРОН

veroshpironДОРУҲОИ ШОШАРОН, моддаҳое, ки ихроҷи шошаро афзун мегардонанд. Дар ин бобат доруҳои гуногуни синтезӣ хеле босамар мебошанд. Онҳо ҷараёни ҷаббиши баръакси ионҳои натрий ва обро дар ҷӯякчаҳои гурда суст ва миқдори пешоби дар гурда ҳосилшударо зиёд карда, ихроҷи зиёдатии ионҳои натрию оби бо онҳо пайвастро аз организм метезонанд. Дар баробари ин, бисёр Д. ш. (фуросемид, гипотиазид, бриналдикс ва ғ.) ихроҷи диг. ионҳо (мас., калий)-ро низ бо пешоб зиёд мекунанд (ин мумкин аст боиси ихтилоли фаъолияти организм гардад). Аз ин рӯ, ҳангоми табобат бо Д. ш. ғизои серкалий – картошка, сабзӣ, ғулинг тавсия дода мешавад. Баръакс, аз истеъмоли баъзе Д. ш. (верошпирон, триамтерен) ихроҷи калий бо пешоб коҳиш меёбад. Аз ин сабаб дар аснои табобат бо чунин Д. ш. истифодаи ғизои серкалий шарт нест.
Ба сифати Д. ш. растаниҳои доруиро низ кор мефармоянд (баъзеи онҳо ба таркиби чойи шошарон дохил мешаванд). Сабзавоту меваҳо низ аз сабаби бисёр доштани намакҳои калий шошаро меронанд. Агар фаъолияти гурда ва гардиши хун халал наёфта бошад, дар мавриди барзиёд нӯшидани моеъот низ ихроҷи шоша меафзояд.
Таъсири табобатии Д. ш. аз он иборат аст, ки онҳо миқдори моеотро дар бадан кам мекунанд. Бинобар ин, онҳоро асосан ҳангоми баъзе бемориҳои дил, гурда ва ҷигар, ки боиси қабзи моеъ дар организм ва пайдоиши обварам мегарданд, истифода мебаранд. Вале дар ин маврид Д. ш. фақат таъсири доруҳоеро, ки кори узвҳои номбурдаро танзим месозанд, пурзӯр мекунанд. Дар ҳолатҳое, ки агар обварам натиҷаи ихтилоли кори дил бошад, ба ҷои Д. ш. доруҳоеро истифода мебаранд, ки кори дилро таҳрик бахшида, ихроҷи шошаро афзун мегардонанд.
Д. ш.-ро фақат бо таъиноти духтур истифода бурдан лозим аст. Истеъмоли беназорати онҳо бинобар ихроҷи миқдори барзиёди об ва баъзе ионҳо (калий, хлор) хавфнок аст. Ғайр аз ин, зимни бемориҳои гурда истеъмоли Д. ш. норавост. Ин нафақат ба Д. ш.-и сунъӣ, балки ба Д. ш.-и наботӣ низ тааллуқ дорад. Д. ш.-и наботӣ бар хилофи ақидае, ки гӯё растаниҳои доруӣ безарар мебошанд, мумкин аст ба гурда таъсири ногувор расонда, боиси хуруҷи баъзе бемориҳои дигар шаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …