Главная / Илм / ДОСТИЕВ Ашӯр Раҷабович

ДОСТИЕВ Ашӯр Раҷабович

no-photoДОСТИЕВ Ашӯр Раҷабович (тав. 15. 06. 1951, деҳаи Дурбати ноҳ. Ҳисор), ҷарроҳ, доктори илмҳои тиб (1998), проф. (2004). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1974). Духтур-интерн (1974 – 75) ва ҷарроҳи дармонгоҳ (1975 – 76), ординатор ва мудири шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳ. Ҳисор (1976 – 79), ординатори клиникии кафедраи ҷарроҳии факултавии ДДТТ (1979 – 81), мудири шӯъбаи ҷарроҳӣ (1981 – 83) ва ҷонишини сардухтур оид ба корҳои муолиҷавии Беморхонаи марказии ноҳ. Ҳисор (1984). С-ҳои 1985 – 95 дар вазифаҳои ҷонишини сардухтури бунгоҳи ёрии тиббии таъҷилии Беморхонаи клиникии ш. Душанбе, муовини аввали сардори Раёсати ҳифзи тандурустии ш. Душанбе, сармутахассиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷ., мушовири Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, муовини аввали вазири тандурустии ҶТ кор кардааст. С-ҳои 1997 – 99 сардори шӯъбаи ҳифзи тандурустии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, 2000 – 07 сардори қисми таълимии ДДТТ ва ҳамзамон муовини директори Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо ва сандуқи сина буд. Аз с. 2004 мудири кафедраи ҷарроҳии умумии №1-и ДДТТ. С. 2011 бо ташаббуси Д. дар ҷумҳурӣ Маркази пайванди узвҳу бофтаҳо ташкил карда шуд. Муаллифи 2 монография, 1 луғати истилоҳоти тиббӣ оид ба ҷарроҳӣ ва зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ. Таҳти роҳбарии ӯ 1 наф. рисолаи докторӣ ва 1 наф. рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.
Д. аввалин олим ва мутахассиси тоҷик дар соҳаи трансплантологияи узву бофтаҳои одам мебошад.
Ос.: Неинвазивное вспомогательное кровообращение (Методы, физиология, клиника), Д., 2002; Фарҳанги истилоҳоти ҷарроҳӣ (русӣ-тоҷикӣ), Д., 2005.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …