Главная / Илм / ДОРУҲОИ ТАБШИКАН

ДОРУҲОИ ТАБШИКАН

amidopirinДОРУҲОИ ТАБШИКАН, моддаҳое, ки ҳангоми таблазра ҳарорати баданро паст мекунанд. Ҳарорати бадан зимни табларза (сарфи назар аз сабабҳое, ки онро ба вуҷуд овардааст) ва дар натиҷаи ихтилоли таносуби гармии организм (вақте ки ҳосил шудани гармӣ нисбат ба гармидиҳӣ зиёдтар аст) баланд мешавад. Бинобар ин ба сифати Д. т., одатан, давоҳое истифода мегарданд, ки ихроҷи гармиро афзун менамоянд. Инҳо доруҳои синтезӣ, яъне аналгетикҳои ғайринаркозӣ мебошанд, мас., кислотаи атсетилсалитсилат, амидопирин, аналгин, фенатсетин, парасетамол ва ғ. Асал ва тамашк низ табшикан маҳсуб мешаванд.
Д. т. ангезиши марказҳои танзими ҳарорати мағзи сарро тағйир медиҳанд. Дар натиҷа рагҳои пӯст васеъ шуда, арақи бисёр хориҷ мегардад. Бинобар гармидиҳии зиёд ҳарорати бадан мефарояд. Вале дар ин сурат Д. т. сабаби бемориро бартараф накарда, баъзан (мас., ҳангоми бемориҳои сироятӣ) ҳатто мумкин аст шифои мариз ба таъхир афтад (зеро баланд шудани ҳарорати бадан дар ин ҳол аксуламали муҳофизии организм мебошад). Аз ин рӯ ҳангоми бемориҳои сироятӣ бе таъиноти духтур истеъмол намудани Д. т. мумкин аст ташхис ва табобатро душвор гардонад. Бинобар ин, ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан ба тариқи худмуолиҷа истифода бурдани Д. т. ҷоиз нест. Дар давраи истеъмоли Д. т. риояи қатъии тавсияҳои духтур зарур аст.

Рабство

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

pompeo

Помпео бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон гуфтушунид мекунад

Котиби давлатии ИМА – Майкл Помпео эълом дошт, ки музокирот рӯзи 23 октябр баргузор мешавад. …