Главная / Илм / ДОРУҲОИ ФИШОРШИКАН

ДОРУҲОИ ФИШОРШИКАН

doruhoi-fishorshikanДОРУҲОИ ФИШОРШИКАН, моддаҳое, ки фишори шараёнро паст мекунанд. Д. ф. воқеан ҳам доруҳое мебошанд, ки онҳо рагҳоро васеъ, тонуси онҳоро суст ва фишори хунро паст менамоянд. Бо мақсади фаровардани фишор ҳамчунин доруҳоеро низ истифода мебаранд, ки шиддати кашиши дилро суст мегардонанд; дар натиҷа хун ба шоҳраг (аорта) кам равон мегардад ва фишори шараён мефарояд. Ғайр аз ин ба сифати Д. ф. воситаҳои пешоброн низ кор фармуда мешаванд. Онҳо ба ихроҷи намак аз организм (асосан намакҳои натрий) мусоидат ва тонуси шараёнро суст мекунанд.
Д. ф. барои табобати бемории гипертония ва гипертензияи шараёнӣ кор фармуда мешаванд. Духтур Д. ф.-ро бо назардошти хусусияти таъсир, инчунин ҳолати организм ва дараҷаи беморӣ таъин мекунад. Д. ф.-ро бо маслиҳати шиносон истеъмол намудан ҷоиз нест, зеро доруҳое, ки онҳо тавсия кардаанд мумкин аст таъсир нарасонанд ё боиси зуҳуроти номатлуб (заъфи фаъолияти дил, дилбеҳузурӣ, қай, беҳолӣ, сарчархзанӣ ва ғ.) гарданд. Беназорат истифода бурдани Д. ф. хатари дигар – эҳтимоли якбора паст шудани фишори шараёнро дорад (боиси рӯй додани коллапс мегардад). Д. ф.-ро фақат бо таъинот ва зери назорати қатъии духтур истифода бурдан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …