Главная / Илм / ДОРУҲОИ ХУНБАНД

ДОРУҲОИ ХУНБАНД

adrenalinДОРУҲОИ ХУНБАНД, моддаҳое, ки хунравиро бозмедоранд. Д. х. ду хеланд: 1) доруҳои таъсирашон ҷузъӣ – исфанҷи гемостазӣ (хамираи хушки масомадори тромбин, тромбокиназа), ки аз плазмаи хуни одам ё гов тайёр карда мешавад, доруҳои рагтангкунанда (адреналин, изадрин, мезатон ва ғ.), «қаламҳои хунбанд»-е, ки аз зоки алюминию калий, сулфати алюминий ва оксиди калсий тайёр мекунанд; 2) доруҳои таъсирашон умумӣ – кислотаи аминокапронат, фибриноген, желатина, глюконат ва хлориди калсий, витаминҳои Р, С, К (викасол) ва ғ. Барои қатъи хунравии пас аз таваллуд ва серхунии давраи ҳайз аз қиёмҳои растанӣ (забонсӯзонак, зирк, газна, будоғ, бӯймодарон ва ғ.) истифода мебаранд. Сахт докапеч кардани ҷои захм, тампонҳои пахтагӣ ё докагӣ ва ғ. низ хунравиро бозмедоранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …