Главная / Илм / ДОРУҲОИ ТАСКИНБАХШ

ДОРУҲОИ ТАСКИНБАХШ

fenazepamДОРУҲОИ ТАСКИНБАХШ, адвиёти мусаккин, моддаҳое, ки ба фаъолияти олии асаб таъсири оромбахш доранд. Якҷоя бо баъзе доруҳои диг. (невролептикҳо, транквилизаторҳо, антидепрессантҳо, психостимуляторҳо) гурӯҳи доруҳои рӯҳгироро ташкил медиҳанд (онҳо асосан ба фаъолияти рӯҳӣ ва вазъи инфиолии одам таъсир мерасонанд). Ба омӯзиши хосият ва дарёфти доруҳои нави рӯҳгиро (психотропӣ) психофармакология – қисми махсуси фармакология машғул аст.
Баъзе пайвастҳои бром (бромидҳо), доруҳои нардсунбул ва ғ. ба Д. т. мансубанд. Таъсири табобатии онҳо асосан дар рафъи асабоният, беҳтар намудани кайфият, мӯътадил гардондани хоб зоҳир мешавад. Аз ин сабаб Д. т.-ро ҳангоми табобати неврозҳо истифода мебаранд.
Бромидҳо дар организм ба ионҳои бром таҷзия мешаванд. Онҳо ба таҷдиди таносуби мӯътадили таҳайёҷ ва тасаккун дар асабияи марказӣ (асосан аз ҳисоби сурат гирифтани ҷараёни тасаккун) мусоидат мекунанд. Натиҷаи табобат бо бромидҳо аз бисёр ҷиҳат ба интихоби дурусти меъёри онҳо (мутобиқ ба фаъолияти олии асаби ҳар бемор) вобаста аст. Мас., агар фаъолияти олии асаб суст бошад, меъёри кам ва агар зӯр бошад, вояи зиёди бромидҳо таъсири хуб мерасонанд. Бояд дар назар дошт, ки ҳангоми истеъмоли тӯлонии бромидҳо ионҳои онҳо ба миқдори зиёд дар организм ҷамъ шуда, боиси заҳролудии музмин (бромизм) мегарданд. Заҳролудӣ бо афсурдагии фаъолияти олии асаб (рӯҳафтодагӣ, хоболудӣ, заифии ҳофиза), инчунин бо дамидани доначаҳо дар пӯст, зуком ва сулфа рух менамояд. Бинобар ин бромидҳоро ба тариқи худмуолиҷа истифода бурдан ҷоиз нест ва агар онҳоро духтур таъин кунад, пас меъёр ва давомоти табобатро қатъӣ риоя бояд кард.
Моддаҳои органикӣ, ки дар таркиби доруҳои нардсунбул вуҷуд доранд, аз рӯи таъсир ба асабияи марказӣ мисли бромидҳо мебошанд. Онҳо чандон заҳрнок нестанд ва дар организм ба миқдори кам ҷамъ мешаванд. Ғайр аз ин, онҳо нафақат хосияти таскинбахш доранд, балки ба бартараф намудани ташаннуҷи мушакҳои суфтаи узвҳои дарун низ қобиланд. Доруҳои нардсунбул дар мавриди неврозе, ки бо ихтилоли фаъолияти силсилаи дилу рагҳо ва ташаннуҷи мушакҳои суфтаи узвҳо ҷараён мегирад, самараи бештар меоранд. Баъзе чунин доруҳо (мас., ҷӯшоб)-ро бо тавсияи духтур аз решаи майдакардаи нардсунбул дар хона низ тайёр кардан мумкин аст. Бо ин мақсад ба ду қошуқча реша як истакон оби хунук рехта, 5 дақ. меҷӯшонанд ва аз дока мегузаронанд. Инчунин аз решаи нардсунбул доруҳо (брикет)-ҳое тайёр мекунанд, ки ба даҳ ҳиссаи баробар ҷудо карда шудаанд. Барои тайёр кардани ҷӯшоб 1 – 2 ҳиссаи онро дар як истакон оби хунук 5 дақ. ҷӯшонида аз дока мегузаронанд.
Корвалол доруи омехта буда, таъсири оромбахш, рагвасеъкунанда ва ташаннуҷзудо (спазмолитикӣ) мерасонад. Онро дар ҳолатҳои невроз, ки бо ташаннуҷи рагҳо, дилзанӣ ва диг. ноҷӯриҳои силсилаи дилу рагҳо ҷараён мегирад, истеъмол мекунанд. Валокордин ва милокордин аз рӯи таркиб, таъсир ва истеъмол ба корвалол шабеҳ мебошанд. Ҳамаи ин доруҳоро фақат бо таъиноти духтур истеъмол кардан лозим аст.
Феназепам, хлозепид (элениум), сибазон (седкусен), тазепам ва диг. доруҳои мансуб ба транквилизаторҳо хосияти таскинбахш доранд. Бар хилофи Д. т.-и номбурда транквилизаторҳо ҳисси тарсу ваҳм, нооромӣ, ҳаяҷон, гарониро бартараф месозанд. Ин доруҳоро фақат бо таъиноти духтур барои табобати неврозҳо, инчунин бемориҳои гипертония, зиқи дил ва ғ., ки дар инкишофи онҳо ихтилоли фаъолияти олии асаб мавқеи муҳим дорад, истеъмол мекунанд.
Транквилизаторҳо чандон заҳрнок нестанд, вале бо вуҷуди ин метавонанд таъсири номатлуб расонанд. Мас., онҳо суръати аксуламали рӯҳӣ ва фаъолии ҳаракатро коҳиш медиҳанд, мушакҳои скелетро суст менамоянд. Аз ин рӯ, одамоне, ки корашон таассури фаврии рӯҳӣ ва мутобиқати дақиқи ҳаракатро металабад (мас., ронандагони нақлиёти автомобилӣ), бояд пеш аз кор ва дар вақти кор ин доруҳоро истеъмол накунанд. Бояд дар хотир дошт, ки таъсири ин доруҳо аз истеъмоли шароб афзуда, барои организм хавфи калон дорад. Ғайр аз ин, ҳангоми истеъмоли дуру дароз ва худсаронаи транквилизаторҳо мумкин аст одам ба онҳо одат кунад. Табобат бо транквилизаторҳо бояд фақат бо таъинот ва зери назорати духтур сурат гирад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …