Главная / 2018 / January / 12 (страница 2)

Архивы за день : 12.01.2018

ДУРБИНИИ ПИРОНА

durbinii-pirona

ДУРБИНИИ ПИРОНА (Presbyopia; аз юн. presbus – пирсол ва opos – чашм), пресбиопия, сустии татобуқ, дар давраи пирӣ бинобар сахт шудани булӯрак рух менамояд. Д. п. ҳолати табиӣ аст. Бо гузашти синну сол булӯраки чашм сахт мешавад (ниг. Чашм). Дар натиҷа чандирии он кам гашта, тадриҷан қобилияти татобуқ (тағйир додани …

Муфассал »

ДУРБИНӣ

durbini

ДУРБИНӣ (Hypermetropia), дурназарӣ, як навъ нуқсони биноии чашм. Ҳангоми Д. нурҳое, ки аз ашёи муоинашаванда ба чашм мерасанд, на дар шабакия (тӯрпардаи чашм), балки дар паси он ҳамдигарро бурида мегузаранд. Д. сабук, миёна ва вазнин мешавад. Дараҷаи Д.-ро аз рӯи қувваи оптикии линза муайян мекунанд: дар аснои ба рӯи чашм …

Муфассал »

ДУХТУР

duhtur

ДУХТУР (Medicus), пизишк, табиб, мутахассиси дорои маълумоти олии тиббӣ (ғайр аз духтури дандон, ки бар хилофи духтури стоматолог маълумоти миёнаи тиббӣ ҳам дошта метавонад), ки ҳуқуқи бо фаъолияти тиббӣ машғул шуданро дорад. Аз рӯи ихтисос Д.-он ба ташкилотчии ҳифзи тандурустӣ, терапевтҳо (бемориҳои дохилӣ), педиатрҳо (духтури бачагон), ҷарроҳон, акушер-гинекологҳо (доягӣ ва …

Муфассал »

ДУХТУРИ ХИЗМАТНИШОНДОДАИ РСС ТОҶИКИСТОН

unvon

ДУХТУРИ ХИЗМАТНИШОНДОДАИ РСС ТОҶИКИСТОН, унвони фахрӣ, 28 апрели соли 1940 таъсис ёфта, ба духтурони баландихтисоси беморхонаю дармонгоҳҳо, госпиталу амбулаторияҳо, таваллудхонаю санаторияҳо, инчунин дигар муассисаҳои муолиҷавию ташхисӣ, ки дар ҳифзи тандурустии аҳолии ҷумҳурӣ хидмати барҷаста намудаанд, супурда шудааст. Ашхоси зерин ба гирифтани ин унвон ноил гардидаанд: 1942: Крилова Елизавета (Хуҷанд), Кутчак …

Муфассал »

ДУШ

dush

ДУШ, навъе аз обшифоӣ, ки бо мақсади беҳдошти бадан ва муолиҷаю пешгирии бемориҳо истифода мешавад. Души беҳдоштиро (бо истифодаи собун, ҳарор. об 36 – 38°С; 15 – 30 дақиқа) ҳафтае 1 – 2 маротиба қабул мекунанд. Души табобатиро, ки духтур таъин мекунад, дар шифохона ба ҷо меоранд. Ҳангоми души табобатӣ …

Муфассал »

ДӯҒ

dug

ДӯҒ, ҷурғотест, ки равғанаш дар гуппӣ ҷудо карда шудааст. Д.-ро дар фасли гарми сол чун нӯшокии ташнашикан ва хӯриши таомҳои дигар истеъмол менамоянд. Аз Д. чакка ва қурут месозанд. Д. 91% об, 0,05 – 0,1% равған, 3 – 3,5% сафеда, 4 – 5% қанди шир (малтоза), 8 – 9% моддаҳои …

Муфассал »

ДӯЛОНА

dulona

ДӯЛОНА (Crataegus altaica), дарахтест майдаи буттамонанд. То 4 – 5 м қад мекашад. Навдаи хордор, барги паргӯша, гули сафед, меваи майдаи норанҷӣ ё зард дорад. Июн – июл гул карда, мевааш ох. авг. – сент. мепазад. Одатан, дар талу теппаҳо, соҳ. дарёҳои қ-кӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Дарвоз, Пётри Якум, Помири …

Муфассал »

ДӯЛОНАИ СУРХАК

dulonai-surhak

ДӯЛОНАИ СУРХАК (Crataegus songorica), дӯлонахорак, навъе аз дӯлона. То 8 – 10 м қад мекашад. Пӯстлохаш қаҳваранг, баргаш байзашакли пармонанд, гулаш сафед, мевааш мудаввар, сабзи паст (вақти пухтан сурх ва баъди хушк шудан, сиёҳтоб мешавад). Моҳи май гул карда, мевааш октябр мепазад. Дар Тоҷикистон, одатан, дар ҷангалзори паҳнбарг ва буттазорҳои …

Муфассал »

ДӯСТИРОЗ

dustiroz

ДӯСТИРОЗ, дастирост, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Ванҷ. Дар саргаҳи водии д. Ванҷ, 7 км болотар аз даромадгоҳи дараи Дӯстироз воқеъ гаштааст. Баландиаш аз с. б. 3600 м. Оби чашма аз қабати оҳаксанг, ки дар байни варақсангҳои давраи полеозой хобидааст, мебарояд. Дебиташ 6 л/сон. Ҳарор. об + 60С; минералнокиаш – 0,7 …

Муфассал »

ДӯСТОВ Абдусамад

no-photo

ДӯСТОВ Абдусамад, рентгенолог ва радиолог, доктори илми тиб (1992). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1974). Духтури терапевти минтақавии ноҳ. Айнӣ (1974 – 77), ординатори клиникии кафедраи ташхиси шуоъӣ ва терапияи шуоъии ДДТТ (1977 – 80), аспиранти Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Вазорати тандурустии ҶТ ва баъд Ин-ти радиологияи тиббии АИТ ФР …

Муфассал »