Главная / Илм / ДӯСТИРОЗ

ДӯСТИРОЗ

dustirozДӯСТИРОЗ, дастирост, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Ванҷ. Дар саргаҳи водии д. Ванҷ, 7 км болотар аз даромадгоҳи дараи Дӯстироз воқеъ гаштааст. Баландиаш аз с. б. 3600 м. Оби чашма аз қабати оҳаксанг, ки дар байни варақсангҳои давраи полеозой хобидааст, мебарояд. Дебиташ 6 л/сон. Ҳарор. об + 60С; минералнокиаш – 0,7 г/л. Таркиби оби чашма аз ангидриди карбон (300 мг/л), калсий (45,0 мг/л), магний (12,0 мг/л), натрий (11,0 мг/л), гидрокарбонатҳо (110 мг/л), сулфатҳо (26,0 мг/л), хлоридҳо (3,0 мг/л), инчунин мис, руҳ, сурб, никел, кобалт, титан, стронсий иборат аст. Аз рӯи таркиби химиявӣ ба обҳои минералии Аршан (Бурятистон) шабоҳат дорад. Барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима ва хунгард муфид аст.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …