Главная / 2017 / December (страница 12)

Архив Месяца: December 2017

ВАСЕЪУ ДУРУШТ ШУДАНИ СИЁҲРАГ

varices-venorum

ВАСЕЪУ ДУРУШТ ШУДАНИ СИЁҲРАГ (Varices venorum; аз лот. varix, varicis – дамидани венаҳо), иллатест, ки дар васеъ шудани андоза ва тағйири шаклу чандирии сиёҳраг (вена)-ҳо зоҳир мегардад. Ба беморӣ бештар сиёҳрагҳои пой, рӯдаи рост ва танобаки манирон гирифтор мешаванд. Ба инкишофи В. ҳар гуна омилҳо, ки ҳаракати хунро дар сиёҳраг …

Муфассал »

ВАСКУЛИТ

vaskulit

ВАСКУЛИТ (Vasculitis; аз лот. vasculum – раги хурд ва -itis – илтиҳоб, газак), илтиҳоби девораи рагҳои хунгард. Вобаста ба пайдоиш В.-ҳо якумин ва дуюмин мешаванд. В.-ҳои якумин бемории мустақил буда, ба артерияҳо, венаҳо, ҳамчунин рагҳои хурди организм зарар мерасонанд. Онҳоро В.-ҳои системавӣ низ меноманд. В.-ҳои дуюмин падидаи бемории дигар, мас., …

Муфассал »

ВИРИЛИЗМ

virilnyjj-sindrom

ВИРИЛИЗМ (Virilismus; аз лот. virilis – мардона, хоси мард), мардандомӣ, мардмонандии зан, дар занон пайдо шудани нишонаҳои хоси мардон (ришу мӯйлаб, овози ғафс, мушаку устухонҳои қавӣ). В. дар натиҷаи ба хун бисёр дохил шудани гормони андроген (тавлидкунандаи хислатҳои мардӣ) ба вуҷуд меояд. Миқдори зиёди андрогенҳо дар натиҷаи бо ҳар гуна …

Муфассал »

ВИСМУТ

vismut

ВИСМУТ (лот. Bismuthum), Bi, элементи химиявии гурӯҳи V ҷадвали Менделеев; рақами ат. 83, массаи ат. 208, 980. В. металли нуқрагуни хокистарранг аст; t гуд. 271,3°С, t чӯш. 1560°С. В. дар табиат дар намуди минералҳои висмутин, бисмит ва чун металли холис вомехӯрад. Хӯлаҳои зудгудози В.-ро дар асбобҳои сӯхторнишон ва дандонсозӣ кор …

Муфассал »

ВИТАМИНҲО

vitaminho

ВИТАМИНҲО (Vitamin; аз лот. vita – ҳаёт ва аминҳо), моддаҳое, ки ба омилҳои бебадали ғизои ҳайвонот ва одам мансубанд. Кашфи В. бо номи олими рус Н.И. Лунин (с. 1880 бо роҳи таҷриба муқаррар намудааст, ки хӯрокворӣ омилҳои номаълуми барои ҳаёт хеле зарур дорад) алоқаманд аст. ӯ муайян намуд, ки агар …

Муфассал »

Витаминҳои дар равған ҳалшаванда

vitamini

Витаминҳои дар равған ҳалшаванда Ретинол (витамини А) дар табиат хеле паҳн гардидааст. Дар бофтаҳои наботӣ чун провитамини А (витамини нимтайёр) – пигменти каротин вуҷуд дорад. Провитамин дар организм якҷоя бо пиҳ (чарб) ба ретинол мубаддал мешавад; дар бофтаҳои зинда навъи тайёри ретинол ҳаст. Ретинол баҳри ба вуҷуд омадани пигментҳои босира, …

Муфассал »

ВОҲИДОВ Абдумаҷид

no-photo

ВОҲИДОВ Абдумаҷид (тав. 08. 08. 1942, ш. Конибодоми вил. Суғд), анестезиолог ва реаниматолог, доктори илми тиб (1990), проф. (1993). Хатмкардаи ДДТТ (1967). Ординатори клиникӣ оид ба анестезиология ва реаниматология (1967 – 69), аспирант (1969 – 72), ассистент (1972 – 91), дотсент (1991 – 92) ва проф. кафедраи ҷарроҳии умумии факултаи …

Муфассал »

ВОҲИДОВ Абдусалом

vohidov-abdusalom

ВОҲИДОВ Абдусалом (тав. 14. 04. 1954, ш. Конибодоми вил. Суғд), духтури кӯдакон, неонатолог, доктори илми тиб (1996). Хатмкардаи факултаи педиатрии ДДТТ (1977). Духтури интерн (1977 – 78) ва духтури неонатологи шӯъбаи таваллуди Беморхонаи марказии ноҳ. Конибодом (1978 – 80), ординатори клиникӣ (1980 – 82) ва аспиранти Пажӯҳишгоҳи педиатрии АИТ ИҶШС …

Муфассал »

ВРАНГ

rodnik

ВРАНГ, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳ. Ишкошим. Дар соҳ. рости д. Вранг, 85 км дуртар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Баландиаш аз с. б. 2800 м. Дебиташ 0,01 – 0,25 л/сон., минералнокиаш 2,92 г/л, ҳарор. обаш +12,5 – +15,50С. Дар таркиби оби чашма катионҳои натрий (137 мг/л), магний (80,0 …

Муфассал »

ВУЛВА

vulva

ВУЛВА (Vulva; pudendum femininum), шармгоҳ, фарҷ, узви таносули берунӣ дар занҳо. Ба В. зиҳор, лабҳои калон ва хурди фарҷ, клитор, даромадгоҳи маҳбал, ғадудҳои калони даромадгоҳи маҳбал (ғадудҳои бартолинӣ) ва пардаи бакорат мансуб мебошанд. Ниг. низ Фарҷ.

Муфассал »