Главная / Илм / ВОҲИДОВ Абдусалом

ВОҲИДОВ Абдусалом

vohidov-abdusalomВОҲИДОВ Абдусалом (тав. 14. 04. 1954, ш. Конибодоми вил. Суғд), духтури кӯдакон, неонатолог, доктори илми тиб (1996). Хатмкардаи факултаи педиатрии ДДТТ (1977). Духтури интерн (1977 – 78) ва духтури неонатологи шӯъбаи таваллуди Беморхонаи марказии ноҳ. Конибодом (1978 – 80), ординатори клиникӣ (1980 – 82) ва аспиранти Пажӯҳишгоҳи педиатрии АИТ ИҶШС дар ш. Москва (1982 – 85), мудири шӯъбаи физиология ва бемориҳои кӯдакони навзоди Пажӯҳишгоҳи ҳифзи модар ва кӯдаки ш. Душанбе (1985 – 87), ассистенти кафедраи акушерӣ ва гинекологияи ДДТТ (1987 – 93), мудири кафедраи неонатологияи Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон (1993 – 98), сардори Раёсати ташкили ёрии тиббӣ ба модарон ва кӯдакони Вазорати тандурустии ҶТ (1998 – 2002), ҳамоҳангсози лоиҳаи Фонди японии камбизоатӣ «Беҳтар намудани ғизои модарон ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат» (2001 – 07). Аз с. 2008 мушовири миллӣ оид ба масоили таваллуди бехатар ва нигоҳубини навзодони ЮНИСЕФ. Сарнеонатологи Вазорати тандурустии ҶТ (2005). Дар мавзӯи «Таъсири бемориҳои майна ба савияи нуклеитидҳои сиклӣ дар кӯдакони чала» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Роҳҳои паст кардани бемориҳои айёми зодан ва оқибатҳои он» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 75 кори илмӣ, аз ҷумла 7 тавсияи методӣ ва 3 дастури таълимӣ. Таҳти роҳбарии ӯ 3 наф. рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд.
Ос.: Настоящие и будущее детского здравоохранения. Дар маҷ.: «Демография и народонаселение», М., 2000, №1; Йод и интеллектуальное развитие ребёнка (ҳаммуаллиф). Дар маҷ.: «Здравоохранение Таджикистана», Д., 2005, №3; Устойчивая фортификация пищевых продуктов, Алмаата, 2007; Охрана здоровья матери и ребёнка. Аналитический сборник, Д., 2008; Клинические протоколы по неонатологии, Д., 2008; Вскармливание детей раннего возраста, Д., 2008.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …