Главная / Илм / ВАСЕЪУ ДУРУШТ ШУДАНИ СИЁҲРАГ

ВАСЕЪУ ДУРУШТ ШУДАНИ СИЁҲРАГ

varices-venorumВАСЕЪУ ДУРУШТ ШУДАНИ СИЁҲРАГ (Varices venorum; аз лот. varix, varicis – дамидани венаҳо), иллатест, ки дар васеъ шудани андоза ва тағйири шаклу чандирии сиёҳраг (вена)-ҳо зоҳир мегардад. Ба беморӣ бештар сиёҳрагҳои пой, рӯдаи рост ва танобаки манирон гирифтор мешаванд. Ба инкишофи В. ҳар гуна омилҳо, ки ҳаракати хунро дар сиёҳраг мушкил мегардонанд, мусоидат мекунанд (мас., рост истода кор кардан дар ошпазҳо, пешхидматҳо, фурӯшандаҳо, сартарошон; фишурда шудани сиёҳрагҳои кос ҳангоми ҳомилагӣ ва ғ.). Заифии модарзодии девораҳои сиёҳраг ва ноқисии клапанҳо (даричаҳо)-и раг низ сабаби В. мешаванд. Рагҳои васеъшуда аз зери пӯст чун торҳои печ дар печ ва гиреҳбаста ба назар мерасанд.
Пӯсти уқдаҳои варикозӣ аз сабаби ихтилоли тағзия тунук шуда, осеб меёбад; ҳангоми вусъати беморӣ дар пӯст доғҳои ҷигарранг ё сиёҳтоб падид меоянд. Бинобар ихтилоли ғизогирии пӯст бо мурури вақт реши трофикӣ (носур) пайдо мешавад. Якҷоя бо В. бештар варами пойҳо (хусусан бегоҳӣ) мушоҳида мегардад. Пойҳои бемор дар аснои роҳ рафтан зуд бемадор, ҳангоми бисёр рост истодан ва охири рӯз вазнин ва дардманд мешаванд. Минбаъд беморӣ авҷ гирифта, варами пойҳо меафзояд, роҳ рафтан торафт мушкил шуда, мариз оқибат аз пой мемонад. Тағийрот дар сиёҳрагҳо ва суст шудани гардиши хун боиси газак гирифтану ба вуҷуд омадани тромб (судда) хоҳад шуд (ниг. Тромбофлебит).
Барои пешгирии оризаҳои В. тадбирҳои гуногун меандешанд. Онҳо дар давраи аввали беморӣ (ҳоло ки венаҳо чандон васеъ нашудаанд) хеле муфиданд. Аз ин рӯ, ҳар чи барвақт ба духтур муроҷиат намудан ба манфиати кор аст. Пеш аз ҳама бояд гардиши хуни рагҳо мӯътадил карда шавад. Агар иҷрои кор вақти зиёд нишастанро талаб кунад, пас пои дардмандро дароз карда нишастан зарур аст. Ҳар 1 – 1,5 соат каме роҳ гаштан ва ё 10 – 15 маротиба ба нӯги пой рост истодан айни муддаост. Дар ин маврид мушакҳо кашиш хӯрда, ҳаракати хун дар рагҳо беҳтар мешавад. Иҷрои чунин машқҳо (баъди ҳар 45 – 50 дақ.) хусусан ба одамоне, ки рост истода кор мекунанд, нафъ дорад. Аз сайру гашти бешитоб (баъди кор, ба масофаи начандон дур) пои дардманд хуб дам мегирад. Пойро бо бинти чандир бастан низ муфид аст. Бинтро пагоҳӣ аз бистари хоб нахеста мебанданд (пойро бояд андаке боло бардошт, яъне кафи пой бо зону дар як баландӣ бошад); онро бояд аз буни панҷаҳои пой то сеяки рон ё то зону баст (пошани пойро намебанданд). Бандинаро якзайл таранг кашида (ғайри печиши аввал ва охир) чунон мепечонанд, ки ҳар печ ними қабати аввалро рӯпӯш кунад. Ба ҷои бинт ҷӯроби ёзандаро (аз дорухона мехаранд) низ истифода бурдан мумкин аст.
Варзиши шифоӣ омили муҳимест барои пешгирии инкишофи минбаъдаи В. Ба туфайли риёзати бадан гардиши хун тақвият ёфта, беҳаракатии он дар сиёҳрагҳо бартараф мешавад. Ҳаракати мудаввар бо нӯги пой, хаму рост кардани соқу рон, машқи «велосипедронӣ» фоидабахшанд. Ин машқҳоро пуштнокӣ дароз кашида иҷро мекунанд. Сипас каме роҳ рафтан ва бо нӯги пойҳо истодан лозим. Ба варзиши шифоӣ пагоҳӣ ва бегоҳӣ (баъди кор) машғул шудан мумкин аст (10 – 15 дақ.).
Дар мавриди ниҳоят вазнин будани В. ҷарроҳӣ ё табобат бо дору (ба сиёҳрагҳои шахшӯлу васеъшуда доруҳои махсус мегузаронанд) тавсия карда мешавад. Баъди ҷарроҳӣ, одатан, бинти чандирро тақрибан 4 – 6 моҳи дигар баста мегарданд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …