ВРАНГ

rodnikВРАНГ, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳ. Ишкошим. Дар соҳ. рости д. Вранг, 85 км дуртар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Баландиаш аз с. б. 2800 м. Дебиташ 0,01 – 0,25 л/сон., минералнокиаш 2,92 г/л, ҳарор. обаш +12,5 – +15,50С. Дар таркиби оби чашма катионҳои натрий (137 мг/л), магний (80,0 мг/л), калий (21,0 мг/л), гидрокарбонатҳо (1287 мг/л), сулфатҳо (142 мг/л), хлоридҳо (106 мг/л), кислотаҳои силитсий (130 мг/л), метаборат (134 мг/л), радон (30 нКи/л), ҳамчунин оҳан, бром мавҷуданд. Барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо аҳамияти калон дорад. Онро метавон барои обзан (ванна) ва ошомидан истифода бурд.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

kormandi-shoista

Намудҳои андоз дар Тоҷикистон?

Кадом намудҳои андоз ҳаст ва чанд намуд дорад? Намудҳои андоз дар ҳар як кишвари дунё …