Главная / Илм / Витаминҳои дар равған ҳалшаванда

Витаминҳои дар равған ҳалшаванда

vitaminiВитаминҳои дар равған ҳалшаванда
Ретинол (витамини А) дар табиат хеле паҳн гардидааст. Дар бофтаҳои наботӣ чун провитамини А (витамини нимтайёр) – пигменти каротин вуҷуд дорад. Провитамин дар организм якҷоя бо пиҳ (чарб) ба ретинол мубаддал мешавад; дар бофтаҳои зинда навъи тайёри ретинол ҳаст. Ретинол баҳри ба вуҷуд омадани пигментҳои босира, рушди мӯътадили организм ва мутобиқати чашм ба рӯшноиҳои гуногун мусоидат мекунад. Аз нарасидани ретинол пӯст пажмурда ва шахшӯл мегардад, пӯстпартоӣ, рихинакҳо ва диг. бемориҳои римноки пӯст инкишоф меёбанд, мӯй бенуру хушк, нохунҳо зудшикан (мӯрд) мешаванд. Рӯшноитарсӣ, шабкӯрӣ, конъюнктивит, блефарит аломатҳои асосии норасоии ретинол мебошанд.
Талаботи шаборӯзии одами солим ба витамини А барои калонсолон 1 мг ва барои кӯдакону наврасон 0,4 – 1 мг мебошад. Ба ретинол ҳамаи ҳайвонот ва одамон мӯҳтоҷанд. Захираи витамини А аз ҳисоби ба организм дохил шудани худи витамин, инчунин аз ҳисоби провитамин – каротиноидҳо пурра мешавад. Дар барги сабзи растаниҳо провитамини А (каротин) хеле зиёд аст. Мас., 25 – 50 г испанох ё ҷаъфарӣ талаботи шаборӯзии одами калонсолро бо витамини А қонеъ гардонида метавонад. Ба ҳамин мақсад истеъмоли 50 г зардолу, барги шибит, сабзӣ, шилха (туршак) низ кифоя аст. Миқдори витамини А хусусан дар ҷигари ҳайвонот ва моҳӣ, инчунин равғани моҳӣ ва равғане, ки аз ҷигари ҷонварони баҳрӣ мегиранд, бисёр аст. Ҳангоми пухтупаз ва консервонии хӯрокворӣ витамини А ва каротин пурра боқӣ мемонанд.
Саноати фармасевтӣ ретинолро бо намуди драже (ҳаб) ё маҳлули равғанин (консентрат) истеҳсол менамояд.
Калтсиферолҳо (ватамини D) ба мубодилаи моддаҳои минералӣ, инкишофи устухон таъсир мерасонанд; таносуби намакҳои калсий ва фосфорро танзим дода, аз рӯдаи борик ҷаббида шудани ин моддаҳо ва интиқоли калсийро аз хун ба бофтаҳои устухон таъмин менамояд. Калсиферолҳо хусусан дар овони ҷавонӣ, вақте ки сабзишу устухонбандӣ босуръат аст, хеле заруранд. Норасоии витамини D дар организм боиси сар задани рахит мегардад.
Калтсиферолҳо фақат дар маҳсулоти ҳайвонот мавҷуданд (равғани ҷигари тунесмоҳӣ, равғанмоҳӣ ва ғ.). Дар хӯрокворӣ витамини D, одатан, кам аст. Дар организм витамини D дар натиҷаи таъсири шуоъи офтоб аз провитамини таркиби пӯст (провитамин бошад, аз холестирини организм) ҳосил мешавад. Витамини D аз пӯст ба дигар узвҳо гузашта, асосан дар ҷигар ва плазмаи хун захира мегардад.
Токоферолҳо (витамини Е) аз 7 хели В. иборат буда таъсири биологии гуногун доранд. Токоферолҳо ба кори мушакҳо ва ғадудҳои таносул тақвият мебахшанд, ба захира шудани В.-и дар равған ҳалшаванда (хусусан ретинол) дар узвҳои дарунӣ мусоидат мекунанд.
Манбаи асосии токоферолҳо равғани растанӣ (равғани зағир, офтобпараст, зайтун) ва қисман кабудиҳо мебошанд. Токоферолҳо ба таъсири нури ултрабунафш ва гармӣ (то 1700) устуворанд. Табобати ин ё он беморӣ бо токоферолҳо зери назорати духтур гузаронида мешавад, чунки истеъмоли аз меъёр зиёди онҳо боиси гипервитаминоз мегардад.
Филлохинонҳо (витамини К) муҳимтарин воситаи лахтабандии хун мебошанд. Нарасидани витамини К боиси хунравии бинӣ, милки дандон, меъда, рӯда ва ғ. мешавад. Талаботи шаборӯзӣ ба витамини К барои калонсолон 0,2 – 0,3 мг (барои занҳои ҳомила 2 – 5 мг), барои кӯдакони навзод 0,001 – 0,012 мг аст. Филлохинон дар барги сабзи коҳу, испанох, карам, газна вуҷуд дорад. Витамини табии К. бинобар дар об кам ҳал гаштанаш дар тиб чандон истифода намешавад.Дар амалияи тиб филлохинонҳои синтезӣ (викасол ва синкавит) кор фармуда мешаванд.
Ғайр аз В.-и номбурда, моддаҳои диг. аз ҷиҳати биологӣ фаъол (мушобеҳи витаминҳо), аз ҷумла биофлавоноидҳо, холин, инозит, кислотаҳои липоеат, орорат, пангамат, парааминобензоат ва ғ. низ мавҷуданд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …