Главная / Илм / ВИСМУТ

ВИСМУТ

vismutВИСМУТ (лот. Bismuthum), Bi, элементи химиявии гурӯҳи V ҷадвали Менделеев; рақами ат. 83, массаи ат. 208, 980. В. металли нуқрагуни хокистарранг аст; t гуд. 271,3°С, t чӯш. 1560°С. В. дар табиат дар намуди минералҳои висмутин, бисмит ва чун металли холис вомехӯрад. Хӯлаҳои зудгудози В.-ро дар асбобҳои сӯхторнишон ва дандонсозӣ кор мефармоянд.
Дар амалияи тиб аз таъсири афисӣ ва антисептикии доруҳои В. истифода мебаранд. Ба доруҳои висмутие, ки нисбатан бештар корбаст мешаванд, нитрати висмут, викалин, викаир, дерматол, ксероформ ва ғ. мансубанд. Зери таъсири доруҳои мазкур коллоидҳои маҳлули хориҷи ҳуҷайра, луоб, экссудатҳо ғализ мешаванд. Пардае, ки дар мавриди он ташаккул меёбад, нӯги асабҳоро аз ангезиш ҳифз мекунад. Ғайр аз ин, моддаҳои мазкур боиси танг шудани ҷузъии рагҳо ва кам гаштани қобилияти интиқолии онҳо мегарданд.
Доруҳои В.-ро барои муолиҷаи захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, энтерит, колит, илтиҳоби луобпардаҳо ва пӯст кор мефармоянд. Баъзе доруҳои он дар муолиҷаи сифилис истифода мешаванд (мас., бийохинол, бисмоверол ва пентабисмол).

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …