Главная / Илм / ВОҲИДОВ Абдумаҷид

ВОҲИДОВ Абдумаҷид

no-photoВОҲИДОВ Абдумаҷид (тав. 08. 08. 1942, ш. Конибодоми вил. Суғд), анестезиолог ва реаниматолог, доктори илми тиб (1990), проф. (1993). Хатмкардаи ДДТТ (1967). Ординатори клиникӣ оид ба анестезиология ва реаниматология (1967 – 69), аспирант (1969 – 72), ассистент (1972 – 91), дотсент (1991 – 92) ва проф. кафедраи ҷарроҳии умумии факултаи муолиҷавӣ, мудири кафедраи анестезиология ва реаниматологияи факултаи такмили ихтисоси духтурони ДДТТ (1993 – 94). Аз с. 1994 мудири кафедраи анестезиология ва реаниматологияи Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон. Дар мавзӯи «Аналгезияи баъдиҷарроҳӣ, гемотерапия ва дигар усулҳои пешгирию табобати намудҳои бармаҳали иллати нафаскашӣ дар беморони гирифтори бемориҳои номахсуси шуш» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Фаъолияти шуш ва ислоҳи ихтилоли он ҳангоми садамаи вазнини косахонаю мағзи сар» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 200 кори илмӣ, аз ҷумла 5 тавсияи методӣ, 6 дастури таълимӣ, 17 ихтироъ, 21 тавсияи амалӣ ва 1 шаҳодатномаи муаллифист.
Ос.: Техника регионарной анестезии и аналгезии в практике хирургии и акушерства – гинегологии, Д., 1997; Регионарная и спиномозговая анестезия и аналгезия, Д., 2003; Операция на печени без использования аллогенных компонентов крови. Дар маҷ.: «Здравоохранение Таджикистана», Д., 2007, №1; Состояние системы гомеостаза при сочетанных действиях гепарина на инфузионной гемоделюции. Дар маҷ.: «Здравоохранение Таджикистана», 2007, №1. Сестринское дело в анестезиологии и реаниматологии, Д., 2008.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …