Главная / 2017 / December / 25 (страница 2)

Архивы за день : 25.12.2017

БАЛҒАМ

sputum

БАЛҒАМ (Sputum), яке аз хилтҳои чаҳоргона. Б. ҳангоми бемориҳои гуногуни узвҳои нафас ҷудо шуда, дар вақти сурфидан хориҷ мегардад. Миқдори Б. аз чанд мл (ҳангоми бронхит ва пневмония) то 1 – 2 л (ҳангоми бемориҳои фасодноки шуш, ниг. Бронхоэктаз) мешавад. Ихроҷи Б. ба фаъолияти бронхҳо ва мавқеи бемор вобаста аст …

Муфассал »

БАЛЛИСТОКАРДИОГРАФИЯ

Patient pulse and heart rate on monitor, surgeons in background

БАЛЛИСТОКАРДИОГРАФИЯ (аз юн. ballo – партофтан, kardia – дил, grapho – навиштан), усули тадқиқи қобилияти кашиши мушакҳои дил. Бо роҳи қайд намудани ҷойивазкунии механикии тан, ки ҳангоми аз дил ба аорта ва артерияи шуш партофтани хун ба вуҷуд меояд, амалӣ гардонда мешавад. Б. тавассути асбоби махсус – баллистокардиограф амалӣ ва …

Муфассал »

БАЛНЕОЛОГИЯ

balneologiia

БАЛНЕОЛОГИЯ (аз лот. balneum – ҳаммом, оббозӣ ва …логия), як соҳаи илми тиб, ки обҳои шифобахш, обшифоӣ ва таъсири обро ба организми одам меомӯзад. Б. аз бахшҳои гуногун таркиб ёфтааст, мас., балнеография (тавсифи курортҳо), балнеотерапия (муолиҷа бо оби минералӣ), балнеохимия (тадқиқи хосиятҳои химиявии обҳои минералӣ), балнеотехника (ҳифзи оби минералӣ ва …

Муфассал »

БАЛНЕОТЕРАПИЯ

balneoterapia

БАЛНЕОТЕРАПИЯ (Balneotherapia; аз лот. balneum – ҳаммом, обозӣ ва терапия), барои табобату пешгирии бемориҳо истифода кардани обҳои минералии табиӣ ва сунъӣ. Дар мавриди Б. обҳои минералӣ барои обзан (ванна) ё нӯшидан кор фармуда мешаванд. Онҳоро инчунин барои оббозӣ, обгардон кардани даҳон, ингалятсия, шустани меъдаю рӯда ва диг. узвҳо истифода мебаранд. …

Муфассал »

БАЛОҒАТИ ҶИНСӣ

balogat

БАЛОҒАТИ ҶИНСӣ (Pubertas), давраи ба балоғат расидани организм, яъне пайдо кардани қобилияти афзоиш. Давраи Б. ҷ.-и одамро давраи қадрасӣ ё булуғ меноманд. Ташаккули ғаризаи ҷинсӣ (ниг. Шаҳват) дар давраи Б. ҷ. хеле шиддат меёбад. Дар ин айём духтарон бори аввал ҳайз мебинанд (ниг. Давраи ҳайз); дар писарон эҳтилом (ихроҷи нутфа …

Муфассал »

БАЛХАРЧА

juniper-turkestanica

БАЛХАРЧА (Juniperus turkestanica), зардолубурс, хорбурс, бурс, дарахтест ҳамешасабз. Аз 18 то 25 м қад мекашад. Баъзан мисли бутта (баландиаш то 2 м) мешавад. Баргаш пулакчашакл, шохчаҳояш чорқирра, ҷалғӯзааш сиёҳи байзашакл, як дона тухм дорад. Дар нишебии қ.-кӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Қаротегин (дар баландии 2000 – 3700 м аз с.б.) мерӯяд. …

Муфассал »

БАЛЪУМ

the-pharynx

БАЛЪУМ (Pharynx, fauces), ҳалқум, узве, ки ҷавфи биниро ба ҳанҷара ва ҷавфи даҳонро бо сурхрӯда мепайвандад. Б. аз се қисм иборат аст: қисми болоӣ ё ҳалқудимоғ (тавассути ду сӯрохии тухмшакл – хоана ба ҷавфи бинӣ роҳ дорад); қисми мобайнӣ ё даҳонӣ (ба ҷавфи даҳон ҳамшафат буда, аз боло бо коми …

Муфассал »

БАНАН

banan

БАНАН (Musa paradisiaca, M. sapientum), пизанг, растаниест бисёрсола. Пояи кӯтоҳ ва баргҳои ниҳоят калон дорад. Мевааш дарозрӯя (дарозиаш 15 см, қутраш 3 – 5 см), мағзаш ордшакл, бетухм, таъмаш ширин. Дар як банд («хӯша») то 300 адад мева ҳосил мекунад (вазни умумии онҳо 50 – 60 кг аст). Баъди самар …

Муфассал »

БАНГИ ДЕВОНА

bangi-devona

БАНГИ ДЕВОНА (Datura stramonium), аҷинахорак, тотура, шонаи аҷина, ҷавзи масил, гиёҳест яксола. То 1,5 м қад мекашад. Пояи рости сершох, барги дарозрӯяи паррадор, гули қифшакли сафед, ғӯзаи байзашакли сершох, тухми гурдашакли сиёҳ дорад. Аз апр. то охири тирамоҳ гулу мева мекунад. Б. д. гиёҳи басо заҳрнок ва бадбӯй буда, ҳамчун …

Муфассал »

БАНД

band

БАНД (Articulatio), мафсил, пайванди мутаҳаррики байни устухонҳо ё тағоякро гӯянд, ки байни онҳо роғ (диартрозҳо) мавҷуд аст. Б. як тарзи пайваст шудани устухонҳост. Пайванди беҳаракати устухонҳоро васла (синартроз) меноманд. Б. ҳамзамон вазифаи такя ва ҳаракатро низ иҷро мекунад. Б. аз интиҳо (сатҳи устухон), халта ва ҷавф иборат аст. Дар бештарин …

Муфассал »