БАЛОҒАТИ ҶИНСӣ (Pubertas), давраи ба балоғат расидани организм, яъне пайдо кардани қобилияти афзоиш. Давраи Б. ҷ.-и одамро давраи қадрасӣ ё булуғ меноманд. Ташаккули ғаризаи ҷинсӣ (ниг. Шаҳват) дар давраи Б. ҷ. хеле шиддат меёбад. Дар ин айём духтарон бори аввал ҳайз мебинанд (ниг. Давраи ҳайз); дар писарон эҳтилом (ихроҷи нутфа ҳангоми хоббинӣ) рӯй медиҳад. Дар давраи Б. ҷ. зери таъсири ғадудҳои усораи дохилӣ тамоми организм тағйир меёбад: сабзиши босуръат, пайдо шудани аломатҳои дуюмини ҷинсӣ, дар рӯю тани писарон сабзидани мӯй, ғафс гаштани овоз ва ғ.; духтарон бинобар дар зери пӯст ғун шудани чарбу (аввал дар рону сурин) ҷисман пурра , ғадудҳои сина ва устухони кос калон мешаванд.
Духтарон нисбат ба писарон барвақттар ба балоғат мерасанд. Аз рӯи ҳисоби акселератсия Б. ҷ.-и духтарон бояд аз 12 – 14-солагӣ сар шуда, дар 16 – 18-солагӣ ба охир расад; он дар писарон аз 13 – 15-солагӣ оғоз ёфта, дар 16 – 18-солагӣ анҷом мепазирад. Мӯҳлати оғози Б. ҷ. ба омилҳои гуногун, аз қабили хусусиятҳои ирсӣ, шароити зиндагӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ, саломатӣ, хӯрок, иқлим ва ғ. низ вобаста аст. Шароити номусоид (зиндагии душвор, хӯроки камғизо, бемориҳо ва ғ.) боиси боздошт ё номувофиқатии инкишофи ҷисмонию рӯҳӣ мегардад.
Тағйироти организм дар давраи Б. ҷ. фақат ба дигаргуниҳои шаҳвонӣ вобаста нест. Дар ин вақт рӯҳияи наврас ва фаъолияти силсилаи асабҳои ӯ низ тағйир меёбад (ниг. Синни наврасӣ). Яъне баробари тағйири танзими гормонҳо ва инкишофи ҷисмонӣ рӯҳияи наврасон низ дигар мешавад. Дар ҷараёни Б. ҷ. ба ном шуури ҷинсӣ ташаккул меёбад, яъне наврас ба кадом ҷинс тааллуқ доштанашро мефаҳмад, рафторашро ба мақсаду талаботи одобу ахлоқи ҷамъият мувофиқ месозад (ниг. Тарбияи ҷинсӣ). Дар ин давра ба ҷинси муқобил шавқ пайдо шуда, байни наврасон муносибати хос ташаккул меёбад (ошиқии беғараз – афлотунӣ). Танҳо баъди Б. ҷ. эҳсоси махсуси шаҳват ва фаъолияти ҷинсӣ ба вуҷуд омада, шуури болиғи ҷинсӣ ташаккул хоҳад ёфт.
Яке аз хусусиятҳои муҳими инкишофи ҷисмонии давраи Б. ҷ. ихтилоли муваққати таносуби бадан аст. Дасту по нисбат ба ҷисм тезтар инкишоф меёбанд. Бинобар ин ҳаракатҳои наврас дурушт мешаванд. ӯ ин «камбуди»-ро дарк карда, ба он махсус диққат медиҳад, дар натиҷа ҳаракатҳо бештар ночаспон мегарданд. Қувваю вазни мушакҳои писарон бошиддат зиёд мешавад (вазни мушакҳо аз рӯзи таваллуд то 8-солагӣ фақат 4%, дар 2 – 3 соли давраи Б. ҷ. ба ҳисоби миёна 12% меафзояд). Дар баробари ин, наврасон пайваста машқ мекунанд. Инкишофи узвҳои дарунӣ аз сабзиши устухонбандӣ ва мушакҳо ақиб мемонад. Чунончи, рагҳои хун нисбат ба дил зудтар инкишоф меёбанд, дар натиҷа фишори хун баланд ва кори дил каме вазнин мегардад. Дар ин давра сарбории организм афзуда, нуқси кори дил, чарх задани сар, сианоз (кабуд шудани ранги пӯст), сард гаштани дасту по, дарди сар, хастагӣ падид меоянд.
Хусусан хулқу атвори наврас тағийр меёбад. Аз ҳисоби таассуроту ҳиссиёти нав рӯҳияи наврас ғанӣ, худ серҳаракат, эҳсосот ноустувор ва кайфият пурихтилоф мешавад. Эҳсосоти баланд якҷоя бо дилсахтӣ, шармгинии тавъам бо беодобии намоишкорона рух менамоянд. Нобоварию назари танқидӣ ба чизҳои маъмул, тоқатнопазирӣ ба насиҳати волидайн хоси наврасон аст. Дар ин давра як навъ ҳолати ба невроз монанд, хашмгинӣ, гирёнчакӣ (дар духтарон, хусусан айёми ҳайз) ба мушоҳида мерасанд.
Падару модар ва омӯзгорон бояд ба наврас муносибати дуруст ва ғамхорона кунанд. Моҳият ва мафҳуми биологии ин тағйиротро ба онҳо мулоим фаҳмондан лозим аст. Наврас дар ин давра бояд дар шахси волидайн ва омӯзгорон дӯстонеро бинад, ки ба онҳо такя карда метавонад. Дар ин синну сол роҳи дурусти тарбия ҳамин аст, ки наврасон ба фаъолият ҷалб ва аз ҳиссиёти ҷинсӣ дур нигоҳ дошта шаванд.
Дар давраи Б. ҷ. ҷисман мӯътадил инкишоф ёфтани наврас басо муҳим аст. Барои ин ба хурду хӯрок (он бояд серғизо бошад) ва машғулиятҳои ҷисмонии ӯ бояд эътибори махсус дода шавад.
Агар дар духтарон баъди 13-солагӣ ва дар писарон баъди 14-солагӣ аломатҳои ҷинсии дуюмин ба мушоҳида нарасанд, пас сухан аз боби таъхири Б. ҷ. меравад. Дар ин гуна ҳолатҳо ба духтури эндокринолог муроҷиат кардан лозим аст.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …