Главная / Ҷамъият / Маҳдудияти якҷоя кор кардани хешовандони наздик

Маҳдудияти якҷоя кор кардани хешовандони наздик

Моддаи 27-и Кодекси Меҳнат. Маҳдудияти якҷоя кор кардани хешовандони наздик

  1. Дар як ташкилоти давлатӣ (воҳидҳои сохторӣ) ба вазифаи роҳбар, сармуҳосиб (муовинони ў) ва хазинадор якҷоя кор кардани шахсоне, ки байни худ алоқаи хешутаборӣ (падару модар, зану шавҳар, бародарон, хоҳарон, писарон, духтарон, ҳамчунин бародарону хоҳарони падару модар, фарзандони зану шавҳар) дошта бошанд ва агар кори онҳо ба итоату назорати бевоситаи ҳамдигарӣ алоқаманд бошад, манъ карда мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муқаррар накарда бошад.
  2. Маҳдудиятҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, метавонанд бо қарори соҳибмулк ё шахси ваколатдори ў дар ташкилотҳои ғайридавлатӣ низ муқаррар карда шаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …