Главная / Илм / БАЛҒАМ

БАЛҒАМ

sputumБАЛҒАМ (Sputum), яке аз хилтҳои чаҳоргона. Б. ҳангоми бемориҳои гуногуни узвҳои нафас ҷудо шуда, дар вақти сурфидан хориҷ мегардад. Миқдори Б. аз чанд мл (ҳангоми бронхит ва пневмония) то 1 – 2 л (ҳангоми бемориҳои фасодноки шуш, ниг. Бронхоэктаз) мешавад. Ихроҷи Б. ба фаъолияти бронхҳо ва мавқеи бемор вобаста аст (мас., ихроҷи Б. ҳангоми ба паҳлӯи солим дароз кашидани бемор зиёд мешавад). Б. одатан бебӯй аст, вале ҳангоми пӯсиш дар шуш хеле бадбӯй мегардад.
Ҳолат ва ранги Б. ба таркиби он вобаста аст. Б. моеъ, часпак ва ғализ мешавад. Б.-ҳои луобӣ, зардобӣ, фасодӣ, луобию фасодӣ, зардобию фасодӣ ва хунӣ ҳам вуҷуд доранд. Б.-и луобӣ беранг, шаффоф, часпак буда, дар давраҳои аввали бронхит, газаки шуш, зиқи нафас мушоҳида мегардад. Б.-и зардобӣ моеъи шаффоф ва кафкдор аст; ҳангоми обварами шуш ҷудо мешавад. Б.-и фасоднок кабудча буда, дар шуш ҳангоми пӯсиш тавлид меёбад. Б.-и хунин каме хун дошта, ҳангоми бемориҳои гуногуни шуш ва дил ихроҷ мешавад. Дар Б. унсурҳои ҳуҷайравии хун, ҳуҷайраҳои омос, торҳои эластикӣ, соддатаринҳо (мас, амёба), кирмҳо (эхинококк, кирминаи аскаридаҳо), занбӯруғҳо, бактерияҳои гуногун ва ғ. вуҷуд дошта метавонанд.
Б. манбаи бисёр бемориҳои сироятӣ аст. Барои пешгирии чунин бемориҳо ба рӯи фарш ва роҳ туф кардан ё ба кафи даст сурфидан мумкин нест. Чунки бактерияҳои Б. ҳангоми дастфушурӣ ба каси дигар мегузаранд ё дар чизҳои дастрасида (пул, дастаки дар, мошин ва ғ.) боқӣ мемонанд. Дар вақти сурфидан, даҳонро бо руймолча ё пушти дасти чап пӯшондан лозим аст. Бемороне, ки Б. ҷудо мекунанд, бояд ба туфдони махсуси сарпӯшдор туф кунанд; пас аз сурфидан, фурӯ бурдани Б. зарар дорад. Б.-и туфдонро қаблан ба маҳлули гандзудо (хлоргексид, хлорамин) безарар гардонида, сипас ба канализатсия мерезанд. Туфдони холиро дар маҳлули сода ҷӯшонида безарар мекунанд. Барои таҳқиқи лаборатории Б. онро дар зарфи тоза ҷамъ меоранд (маҳлули гандзудо намерезанд). Баъд аз балғампартоӣ даҳонро обгардон кардан лозим аст. Ҳангоми бемориҳои сироятие, ки ихроҷи Б. яке аз аломатҳои онҳост, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ хеле зарур мебошад. Б. барои ташхиси бисёр бемориҳо (хусусан амрози узвҳои нафаскашӣ) аҳамияти калон дорад.
Б.-ро барои санҷиш беҳтараш пагоҳирӯзӣ дар косачаи Петри ғундошт. Қабл аз сурфидан, даҳонро бо маҳлули фуратсилин (1 : 50 000) ва сипас бо оби ҷӯшонидаи хунук обгардон мекунанд. Агар Б. дар мавриди бронхоскопия гирифта шуда бошад, пас натиҷаи ташхиси он нисбатан эътимодбахш аст. Барои тадқиқи Б. аз усулҳои макроскопӣ, физикию химиявӣ, микроскопӣ, бактериологӣ ва биологӣ истифода мекунанд.
Дар вақти пайдо шудани сурфаи балғамдор бояд ба духтур муроҷиат кард.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …