Главная / Биология / Олами парандаҳо – ҳодисаҳои аҷиб

Олами парандаҳо – ҳодисаҳои аҷиб

Ба инсоният ҳанӯз ҳам бисёр сирру асрори олами ҳастӣ муаммо аст. Паррандаҳо аз болои уқёнусҳо ва китъаҳо бехато парвоз мекунанд. Ҳатто чӯҷаи аввалин бор ба парвози дур баромада, роҳро бо осонӣ меёбад. Исбот шудааст, ки паррандаи қутбӣ дар давоми се моҳ масофаи бист ҳазор километр роҳро тай намуда, аз қутби шимолӣ ба қутби ҷанубӣ мерасад ва роҳро гум намекунад. Усулҳоӣ парвози паррандагон ҳар хел маънидод карда мешавад.

brus180705_033_schnappschss_01f

Баъзе олимон чунин мешуморанд, ки паррандаҳо «ақли расо» доранд ва аз ҳамин сабаб роҳи нишондолаи падару модаронашонро аз худи парвози аввалин дар хотир нигоҳ медоранд. Вале онҳо шарҳ дода наметавонанл, ки чаро чӯҷаҳо бе қутбнамо ва харитаҳои ҷуғрофӣ ба ҷануб парвоз мекунанд.

Мухақкики немис Зауэр таҷрибаи аҷоибе гузаронидааст. Вай як гурӯҳи чӯчаҳоро ба бинои махсус кӯчонда дар ои ҷо гоҳ «осмони тирамоҳӣ» ва гоҳ «осмони баҳорӣ» ба вуҷуд овардааст. Паррандаҳо дар аснои дидани «осмони тирамоҳӣ» ба ҷанубу ғарб ва кишварҳои гарм ва дар аснои «осмони баҳорӣ» ба шимолу шарқ парвоз кардаанд. Ҳамин тавр равшан гардид, ки паррандаҳо осмону ситораҳоро ба таври худ «фаҳмида», аз рӯйи он самти парвози худро муайян менамоянд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …