Главная / Илм / БАЛНЕОТЕРАПИЯ

БАЛНЕОТЕРАПИЯ

balneoterapiaБАЛНЕОТЕРАПИЯ (Balneotherapia; аз лот. balneum – ҳаммом, обозӣ ва терапия), барои табобату пешгирии бемориҳо истифода кардани обҳои минералии табиӣ ва сунъӣ. Дар мавриди Б. обҳои минералӣ барои обзан (ванна) ё нӯшидан кор фармуда мешаванд. Онҳоро инчунин барои оббозӣ, обгардон кардани даҳон, ингалятсия, шустани меъдаю рӯда ва диг. узвҳо истифода мебаранд. Шифобахшии обҳои минералӣ ба унсурҳои таркиби онҳо (гази карбонат, сулфиди гидроген, нитроген, моддаҳои радиоактивӣ – радон ва намакҳои гуногун) вобаста аст. Ҳарорат ва омилҳои механикии обҳои минералӣ низ муҳим мебошанд. Б. баҳри тақвияти неруи муҳофизатии организм ва тамрини имкониятҳои он омили хеле босамар аст. Ҳангоми сар задани беморӣ Б. ихтилоли фаъолияти узвҳоро кам ё бартараф месозад.
Дар курортҳои балнеологӣ барои муолиҷа обҳои карбонатӣ, сулфурдор, радонӣ, силитсийдор, шӯр, йоду бромдор ва оби баҳрро кор мефармоянд. Обзанҳои минералӣ хоса ба силсилаи дилу рагҳо ва асаб, барои ба маром даромадани фаъолияти асаб, мӯътадил гаштани мубодилаи моддаҳо ва кори ғадудҳои усораи дохилӣ таъсири мусоид мерасонанд. Обзанҳои минералии умумӣ ва ҷузъиро барои муолиҷаи нуқси дилу рагҳо, узвҳои такяву таҳрик (банду буғумҳо, бандакҳо, мушакҳо), асаб, бемориҳои занона ва ғ. истифода мебаранд. Дар мавриди бемориҳои ҳалқу бинӣ ва роҳҳои болои нафас ингалятсия, ҳангоми амрози занона бошад, обшӯйкунии маҳбал ва барои бартараф намудани иллати рӯдаҳо ҳуқнарезӣ бо оби минералӣ тавсия карда мешавад.
Дар мавриди ошомидан оби минералӣ бевосита ба ретсепторҳои луобпардаи даҳон, меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта таъсир карда, усораи меъдаро мӯътадил мегардонад, барзиёдии луобро бартараф менамояд. Обҳои минералӣ инчунин ҳосил ва ҷудо шудани талхаро тезонда, ба мубодилаи моддаҳо таъсири мусоид мерасонанд.
Дар рафти муолиҷа, махсусан берун аз курортҳо, аз обҳои минералии сунъӣ (карбонатӣ, гидрогенсулфидӣ, радонӣ ва нитрогенӣ) истифода мебаранд.
Б. бо тавсия ва зери назорати духтур аксаран пайваста бо лойқашифоӣ, иқлимшифоӣ, парҳезшифоӣ гузаронида мешавад. Б.-ро бо мақсади реабилитатсияи тиббӣ низ истифода мебаранд. Ниг. низ. Обзан, Курорт, Обҳои маъданӣ.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …