Главная / Илм / БАЛЪУМ

БАЛЪУМ

the-pharynxБАЛЪУМ (Pharynx, fauces), ҳалқум, узве, ки ҷавфи биниро ба ҳанҷара ва ҷавфи даҳонро бо сурхрӯда мепайвандад. Б. аз се қисм иборат аст: қисми болоӣ ё ҳалқудимоғ (тавассути ду сӯрохии тухмшакл – хоана ба ҷавфи бинӣ роҳ дорад); қисми мобайнӣ ё даҳонӣ (ба ҷавфи даҳон ҳамшафат буда, аз боло бо коми нарм, аз поён бо решаи забон ва аз паҳлӯ бо камончаҳои пешу ақиби ком, ки байни онҳо бодомакҳои ком ҷойгиранд, ҳамҳудуд мебошад); қисми поёнӣ ё қисми ҳанҷарагӣ (ба сурхрӯда ва ҳанҷара кушода мешавад).
Дар Б. роҳҳои нафас ва ҳозима якдигарро бурида мегузаранд. Сарфи назар аз алоқаи озод ин ҷо байни нойи ҳозима ва нойи нафас хӯрок ба ҳанҷара ворид намешавад. Яъне дар лаҳзаи фурӯ додани луқма коми нарм андаке боло шуда, ҳалқудимоғро аз даҳону ҳалқ комилан ҷудо месозад, ҳамзамон сарпӯшаки гулӯ сӯрохи ҳанҷараро руст мекунад. Дар девораҳои паҳлӯии ҳалқудимоғ сӯрохии шайпури Евстахий (шунавоӣ) ҷойгир аст, ки онро бо гӯши миёна мепайвандад: тавассути он таҳвияи гӯши миёна ба амал бароварда шуда, пардаи гӯшро баробар тазйиқ медиҳад. Бинобар ин ҳангоми парвоз бо самолёт дар сурати «маҳкам» шудани гӯш қулт задан онро боз мекунад. Девораи Б. бо луобпарда фаро гирифта шудааст, ки дорои ғадудҳои луоб ва рагҳои хун мебошад (ба туфайли онҳо ҳавои аз ҳалқудимоғ гузаронида нам, гарм ва тоза мешавад). Мушакҳои зери луобпарда кашиш хӯрда, Б.-и қисми миёна ва поёниро тазйиқ медиҳанд ва дар натиҷа хӯрок ба сурхрӯда мефарояд; ин мушакҳо ҳангоми ба Б. афтодани ҷисмҳои бегона реаксияи муҳофизиро низ таъмин мекунанд. Ҷавфи Б. дар баробари ҷавфи бинӣ ва ҷавфҳои иловагии бинӣ резонатори овоз аст, ки ба туфайли он садо баланд шуда, оҳанги хос мегирад.
Ихтилоли кори Б. бар асари бемориҳои гуногун (мас., гулӯдард, аденоидҳо, хуноқ, фарингит, омос ва ғ.) бо нишонаҳои душвории нафаскашӣ ва фурӯбарӣ, инчунин иллати овоз (ниг. Манқагӣ) зоҳир мешавад. Барои Б. ҷисмҳои бегона, захмдорӣ, бо кислотаю ишқорҳо сӯхтан хеле хавфнок аст; онҳо метавонанд ба ҳаёти одам таҳдид кунанд, аз ин лиҳоз дар аснои рӯй додани чунин ҳолат фавран мошини ёрии таъҷилиро даъват кардан зарур аст. Ниг. низ Заҳролудӣ.
КЛ
Ҷавфи балъум (намуд аз пушт; девораи қафои балъум чок карда шудааст): 1 – равоқи балъум; 2 – тавораи бинӣ; 3 – хоанаҳо; 4 – лӯлаи шайпур; 5 – мушаки дарафшию балъумӣ; 6 – девораи паҳлӯи балъум; 7 – сатҳи болоии коми нарм; 8 – забончаи ком; 9 – камончаи кому балъум; 10 – бехи забон; 11 – сарпӯшаки гулӯ; 12 – чини болои ҳалқум; 13 – сӯрохи балъум; 14 – чуқурчаи нокмонанд; 15 – ғадуди сипаршакл; 16 – сурхрӯда.
Ад.: Абдураҳмонов Ф.А., Анатомияи одам, ҷ. 1 – 2, Д., 1995 – 2009; Ҳамон муаллиф, Краткий атлас анатомии человека, Д., 2000.
Ф.А. Абдураҳмонов.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …