Главная / Ҷамъият / Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ

Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ

Моддаи 59-и Кодекси Меҳнат. Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ

  1. Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ дар асоси Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби корфармо дар мувофиқа бо намояндагони кормандон тасдиқ карда мешаванд.
  2. Дар қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ тартиби қабул ба кор, аз кор озод намудан, вақти корӣ, вақти истироҳат, чораҳои ҳавасмандгардонӣ, интизоми кормандон, ҳуқуқу уҳдадориҳои асосӣ ва масъулияти тарафҳои шартномаи меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ муқаррар карда мешаванд.
  3. Барои гурўҳи алоҳидаи кормандон тартиботи дохилии меҳнатӣ бо оинномаҳо ва низомномаҳо, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд, ба низом дароварда мешаванд.
  4. Риояи қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ аз ҷониби корфармо ва кормандон ҳатмӣ мебошад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …