Главная / Илм / БАНДИ ДУРӯҒИН

БАНДИ ДУРӯҒИН

bandi-duruginБАНДИ ДУРӯҒИН (Pseudoarthrosis), буғуми ғайриҳақиқӣ, ноуствор часпидани нӯгҳои устухони шикаста ё аз беморӣ табоҳшуда. Б. д. ҳангоми дар байни устухонпораҳо афтодани мушак ё бофта, аз ҳамдигар дур будану ба қадри кофӣ бо хун таъмин нашудани устухонпораҳо (мас., агар гарданаи рон шикаста бошад) ва нобуд гаштани қисми зиёди пӯст ба амал меояд.
Б. д. бештар дар устухони шикастаи соқи пой ташаккул меёбад. Баъзан он модарзод мешавад, ки ба осеби устухони ҷанин вобаста аст. Бинобар инкишофи тадриҷии тағояки нӯги устухонпораҳо (онҳо бо халтаи хадшабастаю моеъдори банд иҳота шудаанд) ҷои шикасти устухон шакли буғумро мегирад.
Ихтилоли кори дасту пойҳо (имконнопазир будани гузоштани пой, бо даст кор кардан ва ғ.), дарди ҷои осебёфта, ҳаракати ғайриоддии соқу рон ва ғ. нишонаҳои Б. д. мебошанд. Б. д.-ро духтури шикастабанд (травматолог, ортопед) муолиҷа мекунад. Усули асосии табобати Б. д. ҷарроҳӣ буда, духтур устухонпораҳоро бо ҳам мепайвандад. Инчунин ба ҷарроҳии пластикӣ (тармимӣ) низ даст мезананд. Мас., як ҷузъи қабурғаи беморро гирифта ба устухони шикастаи худи ӯ мепайванданд, тавассути асбобҳои филизӣ ё пластмассӣ устухонпораҳоро васл мекунанд. Маснуоти сунъиро дар организм доимӣ мемонанд ё баъди часпидани устухон ва барҳам хӯрдани Б. д. гирифта мепартоянд. Дар табобати Б. д. аз дастгоҳҳои навтарини тиббӣ васеъ истифода мебаранд. Онҳо барои бо ҳам ҷафс шудани шикастапораҳо, зудтар пайвастан ва ҳамзамон кӯтоҳ нашудани устухон имконият фароҳам меоранд. Ҳангоми истифодаи ин қабил дастгоҳҳо бемор аз рӯзҳои аввали баъди ҷарроҳӣ бо пои иллатӣ роҳ гашта метавонад. Азбаски муолиҷаи баъди ҷарроҳӣ одатан тӯл мекашад (то як сол ва зиёдтар), дер ё зуд шифо ёфтани Б. д. ба сабру тоқати бемор низ вобаста аст. Дар баъзе ҳолатҳо, мас., агар Б. д. бедард бошад ё ба кори бандҳо халал нарасонад (бештар дар сурати Б. д.-и дастҳо), инчунин агар бо сабабе ҷарроҳӣ манъ бошад, он гоҳ ба бемор ягон асбоби шикастабандиро тавсия мекунанд. Ҳангоми табобати узви шикаста риояи қатъии тавсияи духтур ба вуҷуд омадани Б. д.-ро пешгирӣ мекунад. Худсарона ва пеш аз мӯҳлат кушодани бандинаи гаҷӣ манъ аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …