Главная / Илм / БАНДИ ДАСТ

БАНДИ ДАСТ

bandi-dastБАНДИ ДАСТ (Articulatio radiocarpea), пайванде, ки устухонҳои соид, диски мафсил ва устухонҳои муч (сарпанҷа)-и даст (заврақшакл, ҳилолшакл ва сеқирра) ба вуҷуд меоранд. Диски мафсил шакли секунҷаро дошта, ҷавфи Б. д.-ро аз ҷавфи банди соиду оринҷ ҷудо мекунад. Канори болои ғилофи Б. д. ба устухони соид ва диски мафсил, канори поёни он бо устухонҳои сарпанҷа тамос дорад. Дар қисми кафи Б. д. ду ҷойгоҳи зулолӣ мавҷуд аст, ки тавассути онҳо паи қаткунандаи ангуштон мегузарад. Пайҳои росткунандаи ангуштон дар ҷойгоҳҳои зулолии пушти Б. д. қарор доранд. Б. д. ҳаракатҳои гуногунро иҷро менамояд, мас., қат ва рост шудан, ба чапу рост бурдан ва давр занондани панҷа.
КЛ
Банд ва бандакҳои панҷа (намуд аз пеш): 1 – устухони соид; 2 – мучи даст; 3 – бандаки соиду маъсам; 4 – банди миёнаи маъсам; 5 – банди байнимаъсамӣ; 6 – банди маъсаму панҷа; 7 – банди байни панҷа; 8 – бандакҳои байни устухонҳои маъсам; 9 – банди устухони нахӯдшакл; 10 – бандаки соиду мучи даст; 11 – банди дисталии соиду мучи даст; 12 – қурси банд; 13 – устухони оринҷ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …