Главная / Илм / БАНДИ СОҚУ ПОЙПАНҶА

БАНДИ СОҚУ ПОЙПАНҶА

bandi-soku-poypanjaБАНДИ СОҚУ ПОЙПАНҶА (Articulatio talocruralis), пайванде, ки нӯги устухонҳои калону хурди соқ ва устухони каъб ба вуҷуд меоранд. Устухони соқ тавассути бандакҳо ба якдигар пайваст шуда, душохаеро ҳосил кардаанд, ки сатҳи боло ва паҳлӯҳои устухони каъбро фаро гирифтааст. Халтаи мафсилии Б. бо бандакҳо устувор мегардад. Б. тавассути артерияҳои пеш ва паси устухони калони соқ бо хун таъмин мешавад. Б. асосан ҳаракатҳои қат ва рост шуданро иҷро мекунад. Амплитудаи чунин ҳаракатҳо дар одамони калон ба 60° – 70° баробар аст.
КЛ
Бандҳои соқу пойпанҷа ва устухонҳои каъбу пошнаю заврақшакл: 1 – устухони калони соқ; 2 – буҷулаки медиалӣ; 3 – устухони каъб; 4 – қисми бандаки делташакли устухони калони соқу пошна; 5 – бандаки байни устухонҳои каъб ва пошна; 6 – банди таҳти устухони каъб; 7 – устухони пошна; 8 – ғилофаки банд; 9 – буҷулаки латералӣ; 10 – банди соқу пойпанҷа; 11 – банди байни соқи по; 12 – пардаи байни устухони соқ; 13 – устухони соқи хурд.
С.С. Қурбонов.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

zaminlarza

РАВАНДҲОЕ, КИ ДАР ЛИТОСФЕРА БА АМАЛ МЕОЯНД

Равандҳои дар литосфера ба амал меомада – Заминларза ва сабабҳои пайдоиши онҳо. Ба мо маълум …