Главная / Илм / БАНДИ КОСУ РОН

БАНДИ КОСУ РОН

bandi-kosu-ronБАНДИ КОСУ РОН (Articulatio coxae), пайванде, ки устухони ҳуққа (косачаи кос) ва сараки устухони рон ба вуҷуд меоранд. Ҳуққа дар маҳалли тамоси устухонҳои тиҳигоҳ, сурин (нишастгоҳ) ва зиҳор қарор дорад. Андозаи ҳуққа нисбат ба андозаи сараки устухони рон хурд аст. Сатҳи сараки устухони рон бо қабати тунуки тағояки гиалинӣ фаро гирифта шудааст. Ҳуққа бошад, фақат дар сатҳи ҳилолшаклии худ чунин тағояк дорад. Халтаи мафсилии Б. ниҳоят устувор аст; он аз канори комаи пайванд гузашта ба устухони рон мепайвандад. Қисми зиёди гарданаи устухони рон дар ҷавфи Б. ҷой гирифтааст. Бандаки сараки устухони рон андаруни пайванд қарор дорад; аҳамияти механикии бандак зиёд набошад ҳам, дар қабати он рагҳое, ки сараки устухони косро бо ғизо таъмин месозанд, ҷой гирифтаанд. Бинобар чуқур мавқеъ доштани ҳуққа ва бисёр мустаҳкам будани бандакҳо ҳаракати Б. маҳдуд аст. Он асосан ҳаракатҳои қат ва рост шуданро иҷро мекунад, ба чапу рост мегардад, ба дарун ва берун давр мезанад.
КЛ
Расми 1. Бандакҳои банди косу рони рост:
1 – мавзеи ҷойгиршавии халтаи зулолии тиҳигоҳ; 2 – қисми борики халтаи зулолӣ; 3 – бандаки зиҳору рон; 4 – пардаи сидодӣ; 5 – дӯнгичаи сурин; 6 – хати байнигирдноӣ; 7 – бандаки тиҳигоҳу рон.
Расми 2. Банди косу рон: 1 – сараки устухони рон; 2 – устухони кос; 3 – тағояки банд; 4 – ҷавфи банд; 5 – бандаки сараки устухони рон; 6 – бандаки кӯндаланги ҳуққа; 7 – ғилофаки банд; 8 – мавхеи доирашакл; 9 – лаби ҳуққа.

С.С. Қурбонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …