Главная / Илм / БАНДИНА

БАНДИНА

faciaБАНДИНА (Fascia), захмбанд, васоит ва усулҳои ба сатҳи бадан ё ягон ҷои дигари он бастани рифодот (матоъи бандиш). Тавассути Б. ин ё он қисми баданро беҳаракат низ менамоянд. Б. устуворгардон, тазйиқовар, ноҷунбон, шахкунанда (асосан гаҷмонӣ) мешавад. Навъҳои маъмули Б.-и устуворгардон марҳами часпак, ширешӣ ва бинтӣ мебошанд. Айни ҳол дар захмбандӣ Б.-и ангорӣ ва тӯриро бештар истифода мебаранд.
Худи матоъ (одатан, дока ва пахта)-и захмбандиро низ Б. меноманд. Ин қабил Б.-ҳо асептикӣ (матоъи тамйизӣ), антисептикӣ (матоъе, ки хосияти зиддибактериявӣ дорад), хушк, нам, марҳамдор ва ғ. мешаванд. Б.-ро барои муҳофизати ҷароҳат аз ифлосии беруна, ҷаббидани моеъоте ки аз захм ё манбаи чирк мебароянд, муолиҷаи бофтаҳои осебдидаю сироятёфта ва ғ. кор мефармоянд. Истилоҳи «бандина» аз «захмбандӣ» фарқ дорад. Гирифтани бандинаи пешина, пошидани доруи ордак, молидани марҳам, аз нав бастану иваз кардани Б.-ро захмбандӣ меноманд. Онро духтур ё хоҳари шафқат бо ҷо меорад.
Б.-ро бояд ҳар одами калонсол ва хонандаи синфҳои болоӣ гузошта тавонад. Дар хона бештар Б.-и устуворгардонро ба кор мебаранд. Онҳо гуногуншакл буда, бастанашон малакаи муайян мехоҳад. Б.-и нодуруст басташуда тез беҷо мегардад ё баръакс, бофтаҳоро сахт фишурда, боиси пайдоиши дард ва ихтилоли ҳаракати хун мешавад; аз бинтбандии ноқулаи гардан нафас танг мегардад. Барои бинтбандии мураккаб ва мушкил дониш ва малакаи махсус лозим аст.
Қоидаҳои асосии ба ҷароҳат печонидани Б. чунинанд: 1) Б.-и матоъаш тамйизшударо бо дасти тоза бастан лозим аст; пӯсти атрофи манбаи захмро бо спирт, арақ, йод ё атр дезинфексия кардан шарт мебошад. 2) Бемор дароз кашад ё баҳузур шинад, корманди тиб бояд тавре истад, ки рӯи беморро бинад ва ҳангоми бинтбандиаш дард шиддат накунад. Пойро рост, дастро каме қат карда бинт мепечонанд. Нӯги бинтро ба дасти чап, калобаашро ба дасти рост гирифта, ба атрофи узви ҷароҳатнок печонидан лозим. Аввал қисми борик, баъд оҳиста-оҳиста ҷои ғафси узви захмдорро бинтпеч мекунанд. Ду печиши аввали бинт бояд болои ҳам бошад. Печиши минбаъда бояд нимаи қабати пешинаро рӯпӯш кунад. Агар дар ин ҳолат бинт ноҳамвор ва «халта» шавад, онро чаппа кардан лозим аст. Ду-се печиши охирин бояд монанди печиш якум болои ҳам хоб раванд, баъд охири бинтро бо қайчӣ дударрон карда, гиреҳ мебанданд (бо даст дарондани нӯги бинт ҷароҳатро ба дард меорад). 3) Барои бандина асосан докаи тамйизшуда (дар корхонаи фарматсевтӣ тайёр мекунанд)-ро ба кор мебаранд. Агар дока набошад, матоъи дарзмолшуда ё докаи тозаро истифода бурдан мумкин аст. 4) Б. бояд ҷароҳатро пурра пӯшонад, то ки ба захм такроран микробҳои касалиовар дохил нашаванд. 5) Б. бояд бофтаҳоро фишурда ё таранг насозад, дардро зиёд ва нафасгириро душвор накунад. 6) Б.-ро ба ҳар ҷои бадан тавре бояд баст, ки шахс азият накашад, вақти зарурат гирифтанаш осону бедард бошад. 7) Б.-ро бодиққат ва зебо печонидан лозим, ки узв (сар, по ва ғ.) ба назар баднамо натобад.
Дуруст бастани Б. ҷароҳатро аз сирояти микроорганизмҳо муҳофизат намуда, чирку фасодро пайваста маҷаббад, хунравиро қисман бозмедорад, дардро як муддат кам мекунад. Аз ин рӯ Б.-е, ки саривақт гузошта шудааст, инкишофи оризаҳои хавфнок (уфунат, гангрена, кузоз ва ғ.)-ро боз медорад.
Б.-и устуворгардон. Б.-и часпак (наклейка)-ро ҷарроҳон барои бастани захми «тоза» (бештар барои ҷарроҳӣ) ва манбаи чирк, пуччак истифода мебаранд. Аввал ба захм ё манбаи газак Б.-и бинтии пахтадор гузошта, баъд бо бинти махсус (дар таркибаш ширеш дорад) мепӯшонанд. Часпакҳо барои тана, гардан ва ғ. хеле мувофиқанд.
Ласуқ (Б.-и марҳами часпон) тасмачаи борик аст ва монанди Б.-и часпак истифода мешавад. Тасмачаро аз болои Б. мечаспонанд. Ласуқро тарзе истифода бурдан лозим аст, ки бофтаҳо (хусусан панҷаҳо) тазйиқ наёбанд, дар акси ҳол дард шиддат карда, бофтаҳо кабуд мешаванд. Ҷарроҳон онро баъзан барои бо ҳам наздик кардани канораҳои ҷароҳат кор мефармоянд.
Б.-и сарбандакшакл. Сарбандаки махсуси тиббӣ, матоъпораи секунҷаи дурушт (катон, хомсуф ва ғ.), сарбандаки оддии занона ё рӯймолчаро истифода бурдан мумкин аст. Онро, одатан, барои ба китф овезон карда бастани даст кор мефармоянд. Бо Б.-и сарбандакшакл панҷаи по ва дастро низ бастан мумкин аст.
Б.-и ангори (контури)-ро барои ҷои сӯхтагӣ истифода мебаранд. Онро аз лӯлапечҳои махсуси пахтаю докагӣ (дар фабрика ё пешакӣ дар поликлиникаю беморхонаҳо тайёр мекунанд) месозанд. Бо Б.-и ангорӣ якбора сатҳи калони баданро рӯпӯш кардан мумкин аст. Аз дигар Б.-ҳо бартарӣ дорад. Онро ба ҷои сӯхтагӣ зуд ва бедард гузоштан мумкин (иваз карданаш низ осон аст).
Бандинаи тӯрдор нисбат ба Б.-и докагӣ чандиртар буда, дар ҳар узви бадан (сар, по, банду буғумҳо ва ғ.) мустаҳкам ва муддати дароз ҷой мегирад. Он махсусан барои ангуштон қулай ва барои бастани соқи по ё даст ягона Б. аст. Дар мавриди истифодаи Б.-и тӯрдор пӯст нафас гирифта, ҷои бастагӣ арақ намекунад.
Бандинаи бинтии фалахмоншакл барои бастани захми рӯй (бештар бинӣ ва занах) пешбинӣ шудааст. Бо ин мақсад ду нӯги бинтро бурида, бо қисми яклухташ ҷароҳат ё ҷои римнокро мебанданд. Дарозии Б. бояд ба якуним печи гирди сар баробар бошад.
Бандинаи мудаввар оддитарин бандина аст. Бо он захмҳои хурд, мас., дар чашм, гӯш, сар, гардан, китф ва сарпанҷаи дастро мебанданд.
Бандинаи морпечро ба узвҳои дарози бадан (пой, даст) мепечонанд. Бинтро дар як хати рост бояд тавре печонд, ки Б. шакли хӯшаро гирад.
Бандинаи ҳаштмонанд асосан барои бастани банду буғум (китф, оринҷ, зону, банди соқу панҷаи по) пешбинӣ шудааст. Аввал бинтро поёнтар аз банд (мас., оринҷ) баста, баъд онро аз чуқураки оринҷ ба сӯи китф, сонӣ боз ба тарафи оринҷ мебаранд, ки Б. шакли адади 8-ро мегирад. Аз ин гуна Б. даст муваққат ноҷубон мешавад. Агар лозим ояд баъзан 2 – 3 навъи Б.-ро якбора истифода мекунанд.
Бандинаҳои махсус (маҷозан кулоҳи Буқрот, бандинаи неаполитанӣ ва ғ. меноманд) ва таъиноташон аниқро кормандони тиб дар амбулаторияю беморхонаҳо истифода мекунанд.
Иваз кардани Б. дар хона манъ аст, чунки бо ин кор ҷароҳат сироятнок мешавад. Аз ҷароҳатбандии ноӯҳдабароёна шиддат гирифтани дард, хунравӣ ва диг. оризаҳо аҷаб нест. Бемор бояд нисбат ба Б. беэътиноӣ накунад, ба беҷо шудани он роҳ надиҳад. Б. бояд ҳамеша (ҳангоми кор ҳам) покиза бошад (бо ин мақсад аз дастпӯшак истифода мебаранд).
Бандинаи тазйиқовар асосан барои боздоштани хунравӣ аст. Аз болои бандина болиштаки пахтаю бинтӣ гузошта, сахт бинтбандӣ мекунанд. Истифодаи Б.-и тазйиқовар ба захми чуқурчаи зери зону хавфнок аст, чунки ҳаракати хун дар шараёни по қатъ гашта, боиси инкишофи гангрена мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …