Главная / Илм / БЕҲДОШТИ МАНЗИЛ

БЕҲДОШТИ МАНЗИЛ

manzilБЕҲДОШТИ МАНЗИЛ. Асоси беҳдошти хона тозагӣ ва тартибот мебошад. Хонаро бо мебел пур кардан лозим нест, зеро рӯбучини онро мушкил мекунад ва боиси ҷамъ шудани чанг мегардад. Барои тоза нигоҳ доштани хона ҳар рӯз чанги онро тоза карда, фаршро бо чӯткаи намнок рӯфтан (ҳафтае як маротиба), тирезаҳоро зуд-зуд шустан лозим аст. Мебелҳои мулоим ва қолинҳоро бо чангкашак тоза кардан беҳтар аст. Барои он ки ҳавои хона доимо тоза бошад, бодхони тирезаро кушода хонаро ҳар рӯз 3 маротиба (пагоҳӣ вақти варзиш, ҳангоми хонағундорӣ ва шабона пеш аз хоб 30 дақиқа) шамол медиҳанд. Тобистон тирезаҳоро кушода мемонанд. Агар дар хона бачаҳо, мӯйсафедон ё шахсони бемор бошанд, хонаро бо эҳтиёт шамол медиҳанд. Барои беҳтар шамол додани хона аз конденсионерҳо истифода мебаранд. Дар матбах, ташноб ва ҳоҷатхона ҳавокашҳо мавҷуданд. Вақти рӯбучин чангкашакҳоро низ пок кардан лозим аст. Азбаски як миқдори мубодилаи ҳаво тавассути девор ба вуҷуд меояд, ба деворҳои хонаҳои истиқоматӣ молидани ранги равғанин ҷоиз нест.
Ҳарорати ҳавои хона бояд ҳатталимкон доимӣ бошад: баҳорон аз 22° то 25°С, зимистон аз 20° то 22°С (на камтар аз 18°С). Барои гарм кардани хона аз кондитсионер, чакдонҳои электрӣ ва радиаторҳо истифода мебаранд. Дар хонаҳои печкадор ҳангоми истифодаи сӯзишворӣ аз ғубори ангишт эҳтиёт шудан лозим. Сӯзишвориро нағз омехта, баъди пурра сӯхтанаш даричаи поёни печкаро маҳкам кардан даркор аст.
Барои салқин кардани ҳавои хона аз кондитсионер истифода мебаранд. Он баробари мӯътадил гардонидани ҳарорат ҳавои хонаро аз чангу нам низ тоза мекунад. Яке аз сабабҳои сернамии хона нодуруст нигоҳ доштани бино, яъне бад гарм кардан, нодуруст шамол додан, зуд-зуд ҷомашӯӣ кардан ва дар дохили хона хушконидани либос мебошад. Намнокии хона боиси бемориҳои илтиҳобӣ гашта, барои дару девор, мебел низ зарар дорад. Бинобар ин дар ташноб ҷомашӯӣ карда, либосҳоро дар айвон ё рӯи ҳавлӣ хушконидан даркор аст. Ба ҷойҳои истифодаи умумӣ, ба монанди матбах, диққати махсус додан зарур мебошад. Барои он ки дар хона магас, нонхӯрак ва мушу калламуш пайдо нашаванд, болои хӯрок ва зарфҳои ношустаро пӯшида, хӯрокҳои боқимондаро сари вақт партофтан лозим аст. Ваннаро баъди истифода мешӯянд, сӯрохиҳои обравро тоза мекунанд. Унитазро ҳар рӯз бо чӯткаи махсус шустан шарт аст. Барои шустану дезинфексия кардани унитаз ва сатилҳои ахлот моддаҳои махсус истеҳсол мешаванд. Ниг. низ Дезинфексия, Дератизатсия, Дезинсексия.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …