БЕХ, Allochrusa (Acanthophyllum) gypsophiloides, бехдору, бехи сафед, нишоллобех, гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 80 см қад мекашад. Пояаш сершох, баргаш нештаршакл, гулаш майдаи сафед ё гулобӣ, ғузааш байзашакл. Моҳҳои май – июн гул карда, июл – сент. тухм мебандад. Одатан, дар дашту биёбон, нишебиҳои кӯҳ ва теппаҳо мерӯяд. Дар Тоҷикистон асосан дар кӯҳҳои Мевағул, Қурамаю Зарафшон паҳн шудааст.
Дар тибби мардумӣ қиёми решаи Б.-ро ҳамчун доруи балғамрон (ҳангоми бронхит ва диг. бемориҳои роҳи нафас), талхарон, пешоброн ва исҳоловар истифода мебаранд. Барои ин решаи майдакардаи онро ба як истакон оби ҷӯшидаи хунук андохта, 8 – 10 соат нигоҳ медоранд ва дар давоми рӯз менӯшанд. Баъзан аз решаи Б. чой карда, ҳангоми бемориҳои меъдаю рӯда, пӯст (пиодермия, шукуфа, пучак), аъзои ҷинсӣ, испурч, ҷигар, гурда ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо истеъмол мекунанд. Қиёми появу барги Б.-ро ҳамчун доруи исҳоловар ва балғамрон истифода мебаранд.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …