Главная / Илм / АУТОАЛЛЕРГИЯ

АУТОАЛЛЕРГИЯ

gautoallergyАУТОАЛЛЕРГИЯ (аз юн. autos – худ ва аллергия), осебе, ки бинобар ба бофтаҳои худи организм таъсир расондани системаи иммунӣ (масунӣ) ба вуҷуд меояд. Дар шароити мӯътадил нисбати сафедаҳо ва ҳуҷайраҳои бофтаҳои худӣ тобоварии иммунологӣ мавҷуд аст. Он ҳолатест, ки системаи иммунӣ ба сафедаю ҳуҷайраҳо таъсир намерасонад. Дар аснои баъзе бемориҳо сафедаю бофтаҳои организм ба аутоаллерген табдил ёфта, боиси ҳосил шудани подтан (аутоантитела)-ҳо ва лимфоситҳои ҳассос мегарданд ва ҳамин тавр, А. ба вуҷуд меояд.
Ду роҳи инкишофи А. мавҷуд аст. Роҳи якум: фаъолияти системаи иммунӣ мӯътадил аст, вале дар организм аутоаллерген пайдо мешавад, ки системаи иммунӣ нисбати он ҳассосият зоҳир менамояд. Сафедаҳо ва ҳуҷайраҳои бофтаҳои худи организм, ки зери таъсири доруҳо ва маҳсули микробу вирусҳо хосиятҳои антигении хешро дигаргун месозанд, ба аутоаллерген табдил меёбанд. Ин гуна тағйирот метавонад дар натиҷаи бемориҳои илтиҳобӣ, некроз, гипоксия ва ғ. рух намояд. Ҳангоми ин аз узвҳои осебёфта моддаҳое хориҷ мешаванд, ки нисбати онҳо дар организм тобоварии иммунологӣ вуҷуд надорад (сафедаи асосии миелин, аутоаллергенҳои шабакияи чашм, ғадуди сипаршакл ва ғ.). Роҳи дуюми инкишофи А. ба ихтилоли фаъолияти системаи иммунӣ вобаста аст; дар мавриди ин сафедаҳо ва ҳуҷайраҳои бофтаҳои худи организм тағйир намеёбанд. Системаи иммунӣ қобилияти аз «бегона» фарқ кардани «худи»-ро гум мекунад, сафедаҳои худро сафедаҳои «бегона» мепиндорад ва ба онҳо чун аутоаллергенҳо таъсир менамояд.
Муолиҷаи А. ба рафъ намудани сабабҳои он нигаронида шудааст. Бо мақсади пешгирии А. доруҳоро фақат мувофиқи таъиноти духтур истифода бурдан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …