Главная / Илм / БЕРУНӣ

БЕРУНӣ

biruniБЕРУНӣ Абӯрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Хоразмӣ (4. 9. 973 Кот, Хоразм – 11. 12. 1048), алломаи бузурги машриқзамин. Асосҳои илмро дар зодгоҳаш назди Абӯнасри Мансур шогирди Абулвафои Бузаҷонӣ (940 – 998) меомӯзад. Б. забонҳои хоразмӣ, дарӣ, арабӣ, суғдӣ, сурёнӣ ва юнонию санскритро азхуд намуда, ба қисме аз онҳо асарҳои илмӣ таълиф кардааст. Б. аз овони ҷавонӣ ба мушоҳидаи астрономӣ шуғл меварзад.
С-ҳои 995 – 997 Б. дар сафар буда, гузараш ба ш. Рай меафтад ва бо Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ шинос шуда, секстант (судс)-и ӯро меомӯзад. С. 997 ба зодгоҳаш баргашта, глобус месозад ва онро барои муайян кардани тӯлу арзи шаҳрҳо истифода мебарад. С.-ҳои 998 – 1004 фаъолияти илмии ӯ дар ш. Гургон, дар дарбори Шамсулмаолӣ Қобус ибни Вушмагир (967 – 1012) мегузарад. Дар он ҷо «Осор-ул-боқия» (с. 1000)-ро таълиф мекунад. С-ҳои 1004 – 17 дар ш. Гургон ба омӯзиш ва тасҳеҳи зиҷҳо машғул мешавад.
С. 1018 Султон Маҳмуд (80 – 1030) Хоразмро забт карда, Б.-ро ба Ғазнин мебарад. Фаъолияти минбаъдаи ӯ то охири умраш асосан дар ҳамин шаҳр мегузарад. Султон Маҳмуд дар лашкаркашиҳояш ба кишв. Ҳинд Б.-ро низ ҳамроҳ гирифта буд. Донишманд дар ин муддат бо тарзи зиндагонӣ, таърих, афкори илмию фалсафӣ ва оину кешҳои мардуми Ҳинд шинос шуда, забони снаскритро меомӯзад ва баъзе асарҳои илмиро аз санскрит ба арабӣ ва чанд асари мутафаккирони Юнонро аз арабӣ ба санскрит тарҷума мекунад. Мушоҳидаҳо ва тадқиқоти дақиқи олим роҷеъ ба Ҳиндустон дар асари ӯ «Мо-ли-л-Ҳинд» сабт шудаанд. Б. маҳз дар ҳамин асар қайд мекунад, ки таассуби динӣ ва қатли ому тохтутозҳои ғоратгаронаи истилогарон халқи сарзамини моро аз мардуми заҳматкаши Ҳинд ҷудо карда буданд.
Б. қариб дар ҳамаи соҳаи илмҳои маъмули замони худ қувваозмоӣ намуда, доир ба ҳар кадом асарҳои пурарзише таълиф кардааст. Бино ба маълумоти маъхазҳои таърихӣ адади асарҳои ӯ аз 103 то 180 номгӯй мебошанд. Вале боиси таассуф аст, ки бештари он таълифоти гаронмоя дар чанголи осеби давру замонҳои номусоид нобуд шудаанд. Аз осори боқимондаи Б. ҳам ҳувайдост, ки ӯ ба инкишофи минбаъдаи илми ҷаҳонӣ саҳми гаронбаҳое гузоштааст.
Яке аз таълифотҳои муҳими Б. «Китобу-с-сайдана фӣ-т-тиб» мебошад. Дар он оид ба тарзи аз набототи сарзамини тоҷикон тайёру омода сохтани ҳар гуна доруҳо сухан рафтааст. ӯ гиёҳҳои шифобахшро омӯхта, номи онҳоро ба забонҳои гуногун меорад ва бад-ин васила дар ташаккули истилоҳоти илмӣ ҳисса мегузорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …