Главная / Илм / БЕРНАР

БЕРНАР

bernar-klodБЕРНАР (Bernard) Клод (12.7.1813, Сен-Жюлен, наздики Вилфранш – 10.2. 1878, Париж), физиолог ва патологи франсавӣ, яке аз асосгузорони физиологияи муосир ва патологияи таҷрибавӣ, аъзои АИ дар Париж (1854). С. 1839 Донишгоҳи Парижро хатм карда, дар лабораторияи Ф. Мажанди ба кор шурӯъ кард, с. 1854 дар донишгоҳи мазкур роҳбари кафедраи физиологияи умумӣ буд, с. 1686 роҳбарии кафедраи физиологияи муқоисавиро дар Музеи таърихи табиатшиносӣ ба ӯҳда дошт. С. 1843 китоби аввалинашро оид ба анатомия ва физиологияи асаби тарашшӯҳи ғадуди оби даҳон ба табъ расонд; пажӯҳишҳои минбаъдааш ба фаъолияти ғадуди зери меъда ва аҳамияти он дар ҳазми равған, гликоген ҳосил кардани ҷигар, шираи меъда ва аҳамияти он дар тағзия (рисолаи докторӣ) бахшида шудаанд. Б. мубодилаи ангиштобҳоро омӯхта, исбот кард, ки дар танзими он ҷигар ва системаи асабҳои марказӣ иштирок доранд. Б. исбот намуд, ки дар мағзи дарозрӯя маркази танзими мубодилаи ангиштобҳо мавҷуд аст ва дар мавриди осеби он қанд ба воситаи пешоб хориҷ мешавад. С. 1853 Б. вазифаи ҳаракатоварии системаи асаби симпатиро кашф намуд, ки дар гардиши хун дар узвҳои бадан ширкат меварзад. Бо ақидаи Б. ҳама гуна падидаҳои ҳаёт сабабҳои моддӣ дошта, асоси онҳоро қонуниятҳои физикию химиявӣ ташкил медиҳанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …