Главная / Илм / БЕРЁЗКИН Николай Фёдорович

БЕРЁЗКИН Николай Фёдорович

imagesБЕРЁЗКИН Николай Фёдорович (1898, ш. Маскав – 1958, ш. Душанбе), ҷарроҳ, доктори илми тиб (1942), проф. (1947), узви вобастаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1951), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1951). С. 1921 факултаи тиббии Донишгоҳи давлатии Маскавро ба итмом расонда, ҳамчун ҷарроҳ дар беморхонаҳои Маскав кор кардааст. С.-ҳои 1932 – 1935 ординатори калони госпитали ҳарбии Маскав, 1936 – 1941 ассинтенти Донишкадаи сеюми тиббии Маскав, 1941 – 1945 сарҷарроҳи беморхонаи Улан-Батор (Муғулистон) буд. Аз с. 1945 то поёни умр мудирии кафедраи ҷарроҳии умумии Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ба зимма дошт. Доираи тадқиқоти илмиаш доманадор буда, оид ба бахшҳои мухталифи ҷарроҳии умумӣ, аз ҷумла пайдоишу инкишофи пневмонияи баъди ҷарроҳӣ, тармими пӯст, илтиҳоби кирмрӯда ва ғ. қариб 70 асару мақола, дастуру тавсияномаҳо навиштааст.
Ос.: О патогенезе и этиологии послеоперационных пневмонии, Сталинабад, 1946; Пластика кожи на конечностях, Сталинабад, 1947; К характеристике хирургических заболеваний в Таджикистане, Сталинабад, 1948; Апоректальная венерическая лимфогранулома, Сталинабад, 1949; Общая хирургическая техника, Сталинабад, 1953.

Ё. Назармамадов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …