Главная / Илм / БЕҲДОШТИ САНИТАРИИ САРҲАД

БЕҲДОШТИ САНИТАРИИ САРҲАД

granicaБЕҲДОШТИ САНИТАРИИ САРҲАД, маҷмӯи тадбирҳои маъмурӣ ва санитарию зиддиэпидемиявӣ, ки барои ба ҳудуди мамлакат роҳ наёфтани бемориҳои сироятию карантинӣ равона шудаанд. Бемориҳои карантинӣ номи шартии чанд навъ бемории гузарандаест, ки онҳо бағоят сироятноканд ва бештар боиси фавти маризон мегарданд (мас., тоун, вабо, табларзаи зард ва ғ.).
Рӯихати тадбирҳое, ки баҳри Б. гузаронида мешаванд, дар асоси дастурҳои махсуси Вазорати тандурустӣ ва Созишномаҳои байналхалқии санитарӣ муқаррар мегардад. Номгӯи бемориҳои сироятии мансуб ба гурӯҳи амрози карантиниро низ Созишномаҳои байналхалқӣ муайян месозанд.
Дар Тоҷикистон амрози карантинӣ чун бемориҳои оммавӣ барҳам дода шудаанд, вале дар ноҳияҳое, ки хавфи пайдоиши онҳо вуҷуд дорад, тартиби санитарию зиддиэпидемиявӣ ҷорӣ гаштааст. Пайдоиш ва паҳн гардидани бемориҳои карантинӣ дар ҷумҳурӣ фақат дар сурати онҳоро аз мамолики хориҷа бо худ овардани одамон мумкин аст (дар ин маврид нишонаҳои клиникии беморӣ ҳанӯз зоҳир нагаштаанд).
Тадбирҳои санитарию зиддиэпидемиявӣ чунинанд: муоинаи тиббии одамон, тафтиши бор ва нақилиёт; бистаригардонии беморон, ҷудо кардани онҳое, ки бемор буданашон аз эҳтимол дур нест, обсерватсияи шахсони бо бемор тамосдошта; аз бемории карантинӣ оҷилан хабардор кардани ташкилотҳои нигаҳдории тандурустӣ; дезинфексия, дезинсектсия ва дератизатсияи васоити нақлиёт ва борҳои шубҳаовар; моягузаронии шахсоне, ки ба хориҷи кишвар мераванд.
Ташкил ва дар амал татбиқ намудани ин тадбирҳо ба зиммаи муассисаҳои махсуси санитарию пешгирии эпидемия (бунгоҳҳои санитарии карантинӣ) аст. Ин муассисаҳо дар аэропорт, бандарҳо, истгоҳҳои сарҳадии нақлиёти роҳи оҳан, ки ба воситаи онҳо ҳамлу нақли байналхалқӣ ба амал меоянд, ҷойгир шудаанд.
Дар гумрукхонаҳо нақлиёти аз сарҳади давлатӣ гузарандаро аз назар гузаронда, ҳуҷҷатҳои санитарии экипаж ва мусофиронро тафтиш мекунанд, ба аъзои экипаж оид ба риояи тадбирҳои карантинӣ дастур медиҳанд, дар сурати зарурат ба мусофирон ва аъзои экипаж талаботи санитарию эпидемиявӣ пешниҳод намуда, тадбирҳои зарурии тиббӣ меандешанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …